Дилшод ба Тоҷикистон медали тилло овард
ДГурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров соҳиби медали тиллои мусобиқаи гурзандозии Бозиҳои тобистонаи олимпӣ-2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия гардид.
Дар даври ниҳоии мусобиқаи гурзандозӣ, ки шоми 19 август бо вақти маҳаллӣ (субҳи 20 август бо вақти Душанбе) доир шуд, гурзандози тоҷик Дилшод Назаров бо нишондоди 78,68 м. медали тилло, Иван Тихон аз Беларус бо нишондоди 77.79 м. медали нуқра ва Войтсех Новитский аз Лаҳистон бо нишондоди 77.73 м. медали биринҷиро ба даст оварданд.
Қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ дар Рио-де-Жанейро аз рӯйи гурзандозӣ Дилшод Назаров изҳор дошт, ки аз рӯйи «лайкҳо»-и шабакаҳои иҷтимоӣ тамоми тоҷикистониён ҳангоми баромади ӯ бедор будаанд. Дар ин бора «Р-Спорт» иттилоъ медиҳад.
Дар даври ниҳоии мусобиқаи гурзандозӣ, ки шоми 19 август бо вақти маҳаллӣ (субҳи 20 август бо вақти Душанбе) доир шуд, гурзандози тоҷик Дилшод Назаров бо нишондоди 78,68 метр медали тиллоро соҳиб шуд. Ин аввалин медали дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпӣ-2016 мебошад.
«Намегӯям, ки ин ғолибият осон ба даст омад. Мубориза ва рақобати хуб буд. Ман хурсандам, ки барои кишвари худ медали тиллоро соҳиб шудам. Қувва барои ба даст овардани натиҷаи хубтар буд, ман натиҷаи хубтарро интизор будам. Вале, муҳим он аст, ки медали тилло ҳаст, дигараш муҳим нест. Ман хеле хурсандам», — гуфт ба хабарнигорон Дилшод Назаров.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ