Дилшод Фарҳодзод — Самарқанд
Сари зонуи хаёл
Сари зонуи хаёл қалби ман мешиканӣ,
Чу нигоҳи пурғазаб ба дидаам медўзӣ,
Ки набоядам хаёл кард,
Набоядам суруд.
Набоядам хонд, ашъори ошиқона,
Ки иҷборан бигӯям фақат туро ҷовидона.
Ту фарёдам хоҳӣ бастан,
Бо занҷир хамўшӣ,
Ёдҳоям бибурданд,
Бо занги фаромӯшӣ.
Андарун дидаам мехоҳӣ,
Акси ту ҳайкали ҷовид монд.
Чеҳра шодӣ,
Рӯзгори қаблиям мехоҳӣ.
То навишта коғази дарёӣ,
Дандон месовад гурги таҷрибаи ту.
То туъмаи андешаи ман,
Баргирад.
Харгӯши шамъи умрам,
Бо пуфи шубҳаи пур мангар.
Бачааш мемирад,
Сари зонуи хаёл.
Қалби ман мешиканад,
Чу туро ғарибтар аз хеш,
Хештан дарёбам,
Бечоратар аз дӯш.
***
Дунёи хоҳиш
Донӣ, ки зи дунё чӣ мехоҳам?
Як осмони равшани ризоят.
Дар роҳи амалҳои таваккулвор,
Чун хуршед, сина пур аз меҳр,
Дилбаре миёни фитнаи рӯзгор.
Аз дори куҳан донӣ чӣ мехоҳам?
Як кулбор шеър дар ин сафар.
Як шаҳри орзуи рањгурез,
Як рӯзи дарози хуби пурсамар.
Як қалби орӣ аз кинаву ситез,
Донӣ, ки чӣ орзу дорам?
Чашми бедор миёни шаб,
Дасти қодири ҳамаи ниёз,
Шонаи офияти падар,
Қуллаи сукунати фароз.
***
Бунбаст
Шаҳсворе, ки меравад,
Пушти девори хаёли ман.
Як саволе аст, ки мебарад,
Дар радифи изтироби ҳолаи ман,
Занҷири ғулғулаи шайтонро,
Мезанад ба пойи хотири малоли ман.
Ман сароидан мехоҳам,
Дар ғами раҳидан аз ту.
Байни мо дарё набахшуда,
Дар дами буридан аз ту.
Шояд ин нидои андӯҳ,
Гоҳе нишинад аз ту.
Кист дар пушти дари худо,
Мешавад роҳзани имон?
Чист ҳосили ҳама садо,
Ки мифтоҳ дар яздон.
Ман биравам ҷоми бо умед,
Мерасад санг аз шайтон.
Чашми сӯрохи дили киштӣ,
Захми пойи иштибоҳҳои ман,
Лангар саволи санге аст.
Зи чӣ маънист гуноҳи ман,
Ҳама аз раге ниҳон рафтан.
Диле аз хулқи салоҳи ман,
Дигар аз ишқ сафо ҷустан,
Дар ғайбати шӯр, марост.
Сухани меҳру ногуфтан,
Бар ҷониби дигар равост.
Вой бар суннати бобоӣ,
Оҳ аз ҳиммати додоӣ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ