Комиссияи махсуси авф ба кор оғоз кард

Ҳайъати нави комиссияи бахшиши гуноҳ дар назди президенти Тоҷикистон ба фаъолият сар кардааст. Ҳар маҳбус ҳақ дорад соле як маротиба бо дархосте бахшиши гуноҳаш ба ин комиссия муроҷиат кунад.

Манобеи наздик ба ҳукумати Тоҷикистон мегӯянд, бо фармони Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳайъати нави комиссия оид ба масъалаҳои бахшиши гуноҳ дар назди Президент ба кор сар кардааст. Қарори Президент аз 7 июн ба ин комиссия дар амри санҷидани дархостҳои маҳбусон салоҳиятҳои бештар ироа мекунад. Аз ҷумла раҳбарии комиссия акнун ба сарвазир Қоҳир Расулзода вогузор шудааст. То кунун ба он муовини сарвазир раҳбарӣ мекард.

Комиссия мақоми машваратӣ дошта, баъди баррасии дархостҳои маҳбусон дар мавриди бахшидани гуноҳи онҳо хулосаҳои худро дар мавриди ҳар дархост бояд ба Президент ироа кунад.

Ба ҳайъати комиссияи бахшиши ҷазо раҳбарони вазоратҳои дохиливу хориҷӣ, адлия, додситонии кул, Додгоҳи олӣ ва ёварони Президент, ҳамчунин декани риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллӣ шомил шудаанд. Ин комиссия соле ду маротиба ҷаласа карда, дархости ҳар маҳбусро алоҳида баррасӣ мекунад

Тибқи низомномаи комиссия, ҳар маҳбус, новобаста аз мӯҳлати ҷазо ва ҷинояти содиркардааш ҳақ дорад ҳар сол як маротиба ба воситаи маъмурияти зиндоне, ки адои ҳукм мекунад, ба номи президент дархости бахшиши гуноҳ бифиристад. Ба ин дархост ҳамчунин маълумотномаи маъмурияти зиндон дар бораи рафтори ин маҳбус ва санадҳо дар бораи вазъи саломатӣ ва оилавии ӯ илова карда мешаванд.

Комиссия дар пайи баррасӣ метавонад ба Пезидент бозбинии ҳукми маҳбуси муроҷиаткардаро пешниҳод кунад. Комиссия нафақат масъалаи озод кардани маҳбус аз зиндон ё сафед кардани нафареро, ки доғи судӣ дорад, балки тағйири мӯҳлат ва шеваи адои ҳукмро низ метавонад дар назди сарвари давлат матраҳ намояд.

Тасмими ниҳоиро дар мавриди дархостҳое, ки аз тарафи комиссия ҷонибдорӣ шудаанд, худи Президент мегирад, ки бипазирад ё на?

Комиссияи бахшиши гуноҳ ҳамчунин метавонад ҷиҳати эълони афв ташаббус кунад ва ин масъаларо низ бо Президент дар миён гузорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *