Дипломатияи тоҷик дар замони Истиқлолият
(Бахшида ба Рӯзи дипломатияи Тоҷикистон, ки бори аввал 29 сентябри соли ҷорӣ таҷлил мегардад)
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз соҳиб шудан ба истиқлолияти давлатӣ дар давоми 25 сол ба таъсиси муносибатҳои дипломатӣ бо на кам аз 140 давлати хориҷӣ ноил гардидааст. Ҳамзамон, Тоҷикистон дар зиёда аз 40 давлати ҷаҳон намояндагии дипломатӣ ва сафирҳои худро дорад.
Истиқлолияти давлатӣ ба Тоҷикистон имкон дод, ки дипломатияи озоди мустақили худро роҳандозӣ намояд ва дар консепсияи сиёсати хориҷии худ дипломатияи дарҳои кушода ва бисёрсамтаро дар муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷониба бо давлатҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ эълон ва манзур кунад. Аз роҳандозии чунин дипломатия то имрӯз натиҷаҳои мусбату дилхоҳ ба даст омада истодааст. Дар давоми солҳои истиқлолият Тоҷикистон дар асоси принсипҳои байналмилалии баробарҳуқуқӣ ва эҳтироми тарафайн бо давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Афғонистон, кишварҳои минтақаҳои Америкаву Аврупо, Арабу Осиёву Африка робитаҳои мустақили дипломатӣ барпо намудааст.
Дар татбиқи дипломатияи даврони истиқлолият дар қатори дигар дипломатҳои тоҷик ба ман ҳам ба ҳайси корманди ВКХ ҶТ имконият фароҳам омад, ки саҳму хизматҳои аввалини худро дар иҷрои вазифаю супоришҳои масъулиятноки дипломатӣ гузорам.
Кобул.
Барои мисол моҳи августи соли 1993 ҳайати ҳукуматӣ бо Сарварии давлати ҷавони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари кории хеле хатарнок ба Кобул ташриф овард, то панҷ нафар афсарони қувваҳои байналмилалии таъмини сулҳи СММ-ро, ки дар Тоҷикистон адои вазифа мекарданд ва дар минтақаи сарҳадии Дарвози Тоҷикистон аз тарафи муҷоҳидони афғон рабуда, гаравгон карда шуда буданд, озод намояд. Дар давоми 4-5 рӯзи гуфтушуниди нобаробар дар Кобул бо муҷоҳидон, як қатор роҳбарони вазоратҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва мо ду нафар дипломатҳои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон-Усмоналӣ Сайдалиев ва ҳамкорам Афзал Миршакаров бо истифода аз дипломатияи бисёр нозуку душвор ва дар натиҷаи гуфтушунидҳои тӯлонӣ, албатта бо мадади Вазири дифои Аҳмадшоҳ Масъуд ва Президенти Афғонистон устод Бурҳониддини Раббонӣ 5 нафар гаравгононро аз дасти муҷоҳидони Гулбиддини Ҳикматёр озод намуда, ба Ватан овардем. Барои адои ин вазифаи пурмасъулият аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири Тоҷикистон Абдуҷалил Самадов, Вазири корҳои хориҷиву Раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон Рашид Олимов ва Саидамир Зуҳуров дипломатияи олӣ роҳандозӣ гардид ва бо роҳбарони мақомоти аввалини давлатии Афғонистон мулоқоту гуфтушунидҳои зарурӣ гузаронида шуд. Албатта, дар иҷрои ин кор дар паҳлуи ҳайат ҳатман ҳузуру саҳми мо ду нафар дипломатҳои ҷавони марбути ташрифоти давлатии ВКХ ҶТ эҳсос карда мешуд.
Мазори Шариф, Шибирғон.
Худи ҳамон соли 1993 як ҳайати 4-5 нафара бо роҳбарии Вазири меҳнат ва шуғли аҳолии ҶТ Ш.Зуҳуров бо роҳи заминӣ дар автомашина ба самти шимоли Афғонистон, ба вилоятҳои Балху Ҷузҷон сафар намуданд. Масъалаи гуфтушунид иборат аз ҳамкориҳои дуҷониба, бахусус баррасии имконияти содироти гази табиии Шибирғон ба Тоҷикистон буд. Аз сабаби барномаи ташрифотии пешакӣ надоштани ҳукумати вилояти Балх имконияти шабро гузаронидан дар ш. Мазори Шариф ҳал нашуд, зеро бо расидани ҳайат ба ин шаҳр, онро шахсони масъули ҳукумати вилояти Ҷузҷон аз номи генерал Абдурашид Дустум қабул намуда, бо вертолёт ба ш. Шибирғон оварданд. Як-ду шабонарӯзе, ки ҳайат он ҷо истод, бо волии вилоят генерал Дустум гуфтушунидҳои дипломатии хеле муфиду дустона баргузор намуд ва аз ҷониби генерали мазкур ба ҳайати Тоҷикистон меҳмоннавозии хеле гарму бародарона нишон дода шуд. Тибқи барномаи сафар аз корхонаи бузурги тавлиди гази Шибирғон, ки фаъол набуд, боздид сурат гирифт. Вале баъди бозгашт аз ш. Шибирғон ба ш. Мазори Шариф, ҳайат аз тарафи масъулони вилояти мазкур сарду бидуни меҳмоннавозии анъанавии тоҷикӣ қабул карда шуд. Албатта, баъди баргузории қабули гарму самимии ҳайати Тоҷикистон аз ҷониби роҳбарияти вилояти Ҷузҷон мазмуни муомилаю дипломатияи шахсони масъул ва ташрифоти вилояти Балхро ҳайати мо ба зудӣ фаҳмида натавонист. Ҳайат ба сардии қабулу пазироӣ нигоҳ накарда, бо сабру таҳаммул маҷбур шуд, либосҳоро бадар накарда, шабро дар меҳмонхона гузаронад. Рӯзи дигар мо хатои дипломатии худро чунин фаҳмидем, ки шаби аввалро баъди расидан ба Мазори Шариф мо бояд ҳатман дар худи ҳамин вилоят мегузаронидем ва танҳо дар рузи дигар ба Шибирғон бояд сафар мекардем. Ин боиси он мегардид, ки ҳам дили тоҷикони ҳамзабонамон намеранҷид ва ҳам дили бародарони узбекро дар даст нигоҳ медоштем. Вале касе ба мо ин гуна барномаи ташрифотиро пешниҳод накард. Дипломатияи ташрифотӣ аз ҷониби мизбонон халалдор шуда буд. Инчунин зиракии ҳаётӣ нишон надодани ҳам аъзоёни ҳайат ва ҳам нокофӣ будани таҷрибаи дипломатии ман У.Сайдалиев-намояндаи ВКХ ҶТ, сабаби рух додани чунин камбудии дипломатӣ гардид. Баъди гузаштани якчанд сол ду нафар кормандони баландпояи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Афғонистон устод Раббонӣ дар Душанбе бо таъна он ҳодисаро ба мо хотиррасон намуданд ва фаҳмонданд, ки ҳоло ҳам онҳо хафа ҳастанд, зеро мо тоҷикон шаби аввалро дар Мазори Шариф нагузаронидем. Вале дипломатияи мо бо меҳрубонии тоҷикӣ тавонист дили онҳоро нарм намояд ва хафагиашонро аз байн бардорад. Танҳо баъди муомилаҳои хушу дӯстона, вале бо хеле душворӣ мо ба розигии онҳо ҷиҳати гирифтани раводиди Афғонистон ба корманди босалоҳияти мақомоти ҳукуматии Тоҷикистон марҳум Фарҳод Маҳкамов ноил гардидем.
Москва, Алма-ато.
Мисоли дигар аз он иборат аст, ки соли 1994 ҳайати Ҳукуматии Тоҷикистон бо мақсади таъмини сулҳи байни тоҷикон ва оштии миллӣ, даври якуми гуфтушунидҳоро дар Москва баргузор намуданд. Ҳайати ҳукуматиро дар гуфтушиниди байни тоҷикон бо ҳайати мухолифон собиқ Вазири меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва имрӯза Раиси палатаи поёнии Маҷлиси Олӣ Шукурҷон Зуҳуров роҳбарӣ менамуд. Аз дипломатияи нарму хеле ботамкин ва инсондустонаи муҳтарам Ш.Зуҳуров ҳам ҳайати мухолифон ва ҳам намояндаи махсуси СММ Рамиро Пирис Баллон бо ёрдамчӣ- тарҷумонаш А. Горяев сӯйистифода мекарданд. Шояд барои ҳамин бошад, ки дар даври чоруми гуфтушунидҳо дар ш. Алма-атои Қазоқистон дар қисми роҳбарии ҳайати ҳукуматии Тоҷикистон муовини аввали сарвазири Ҳукумат Маҳмадсаид Убайдуллоев роҳбар таъйин шуд ва бо ин роҳ ҳам сатҳи роҳбарӣ бардошта шуд ва ҳам сатҳи дипломатияи ҳайати ҳукуматӣ дар гуфтушунидҳо бо ҷониби мухолифон ва ҳам бо намояндаи СММ ва ёрдамчии ӯ сахту серталаб гардонида шуд.
Истифодаи дипломатияи баланд аз ҷониби роҳбари нави ҳайат дар гуфтушунидҳо Маҳмадсаид Убайдуллоев ба он мусоидат кард, ки дар давоми 10 рӯз номбурда ҳамроҳи баъзе аъзоёни ҳайат бо Президенти Қазоқистон муҳтарам Н.Назарбоев ду маротиба мулоқот гузаронд ва эътирозу норозигии Сардори давлати Тоҷикистонро нисбат ба мавқеи беҳад ғаразноки воситаҳои ахбори он кишвар дар ҷонибдории мухолифони тоҷики муқими Қазоқистон мавриди танқиди сахт қарор дод. Ба маънои дигар, мавқеи яктарафаи ВАО-и кишвари мазкур, аниқтараш 95% фоиз ВАО-и дохилию хориҷӣ дар дастгирии мухолифони тоҷик қарор доштанд, ки ин бар зиёни таъмини сулҳ ва сиёсати оштии миллӣ хизмат мекард. Бинобар ин талаб карда шуд, ки намояндаи махсуси СММ ҷаноби Рамиро Пирис Баллон миёнаравии худро ба тариқи одилона ва воқеъбинона амалӣ намояд. Ошкоро мушоҳида мешуд, ки намояндаи махсуси муншии умумии СММ дар кори роҳбарию миёнаравиаш ҳайати ҳукуматиро бо роҳбарии М.Убайдуллоев одилона дастгирӣ намекунад. Ҳатто барои гузаронидани конфронси матбуотӣ оид ба вазъияти ҷойдошта ба ҳайати ҳукуматӣ дар бинои кирояи гуфтушунидҳо иҷозат надод. Бинобар ин ҳайати ҳукуматӣ маҷбур шуд, ки имкониятҳои иловагиро истифода карда, монеаэҷодкуниҳои намояндаи махсуси СММ-ро барҳам занад. Барои ин мӯҳтарам М.Убайдуллоев бо 40-50 нафар рузноманигорони қазоқу хориҷаи дур дар бинои танги сафорати Тоҷикистон конфронси матбуотӣ гузаронид ва кӯшиш кард сиёсати воқеии ҳукумат ва мавқеи дунявию конститутсионии Сардори давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дурусту ошкоро фаҳмонад. Дар кори пеш бурдани чунин дипломатияи ҳайати ҳукуматӣ ман ҳамчун корманди дипломатии ташрифоти ВКХ Тоҷикистон, таъмингари робитаҳои тарафайн ҳамеша дар паҳлуи роҳбари ҳайати ҳукуматӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев қарор доштам. Натиҷаи муборизаҳои роҳбари ҳайат ва мавқеи воқеъбинонаи ӯ натанҳо ба наздикшавии мавқеъҳои сиёсии ҳар ду ҳайат оварда расонд, балки инчунин таъсири дипломатияи қавию одилонаи мӯҳтарам М.Убайдуллоев ба болои намояндаи махсуси СММ низ бараъло эҳсос карда мешуд. Номбурда бештари вақт машваратҳои муҳиму маҳрамонаро бо аъзоёни ҳайати худ берун аз толори меҳмонхона, дар майдони кушод мегузаронид.
Минбаъд кори роҳбарию пешбурди дипломатия дар гуфтушуниди байни тоҷикон таҳти роҳбарии намояндаи махсуси СММ ибтидо аз охирҳои соли 1995 аз ҷониби Сардори давлат ба зиммаи намояндаи Ҳукумат, Вазири корҳои хориҷӣ, олими иқтисоддон академик Талбак Назаров гузаронида шуд ва дар як вақт ман низ бо корманди дипломатии дигари ВКХ ҶТ иваз карда шудам ва ба кори дипломатии дарозмуддат ба ӯзбекистон фиристода шудам.
Тошканд.
Як мисоли дигари фаъолиятҳои дипломатӣ аз он иборат буд, ки бо назардошти муносибатҳои сарди ҷойдошта байни ҳукуматҳои Тоҷикистону ӯзбекистон ва бо мақсади беҳбуд бахшидан ба мавқеъҳои сиёсию дипломатӣ ва байнидавлатии ҳар ду ҷумҳурӣ, соли 1995 Вазир академик Талбак Назаров маро барои иҷрои кори дипломатӣ ба Тошканд ба сафорати Тоҷикистон фиристоданд. Сафиру консули собиқи ҶТ дар Тошканд Йӯлбарс Эгамбердиев ва Муҳиддин Маҳмудов бидуни баҳсу муноқиша муҳрҳо ва ҳуҷҷатҳои сафоратро ба ман дипломатии нав, ба ҳайси сарпарасти Сафорат супориданд ва худашон аз кори дипломатӣ даст кашида, берун аз Тошканд ба самтҳои гуногун сафар карданд.
Баъди аз ВКХ ҶТ ба Тошканд омадани сафиру дипломатҳои нав, гарчанде фаъолияти сафорат фаъолу ҷоннок гардида бошад ҳам, бо вуҷуди ин мисли пештара муносибатҳои дуҷониба бо дипломатияи сарду сатҳи паст ва бидуни ягон муваффақиятҳои назаррас идома мекард. Ин ҷо як нуқтаро бояд зикр намоям, ки шаби якуми ташрифи сафири нав ба Тошканд, ҳангоми интиқоли мазкур аз фурудгоҳи Тошканд то ба меҳмонхона, мо пешвозгирандагон сафирро дар дохили шаҳр то рӯзи дигар гум кардем. Мутаассифона, муносибатҳои дипломатҳоямон низ дар давоми солҳои 1995-1996 байни якдигар дар дохили сафоратамон дар Тошканд бо бегонапарстӣ фарқ мекард ва холӣ аз боварӣ, сарду қобили таҳсин набуд, ба ислоҳоту беҳбудӣ эҳтиёҷ дошт, зеро бештар ба манфиати мақомоти дахлдори кишвари иқомат хизмат мекард.
Дар давоми фаъолияти дипломатии ман дар солҳои 1995-1996 дар Тошканд ду нафар шахсиятҳои маъруфи Тоҷикистон дар вақтҳои гуногун ба Сафорат ташриф оварданд. Яке аз онҳо муовини Вазири корҳои хориҷии ҶТ Ғуломҷон Мирзоев, тибқи даъвати ВКХ ӯзбекистон ба Конфронси байналмилалӣ ба Тошканд ташриф оварда буд ва дигарӣ сарояндаи номдори кишвар, Ҳунарманди хизматнишондодаи ҷумҳурӣ Ҷӯрабек Муродов буд. Ин ҳар ду шахсиятҳо дар вақтҳои гуногун баъд аз ташриф ба сафорати давлати худ дар Тошканд ва мулоқотҳояшон бо Сафири онвақтаи Тоҷикистон аз қабули сарду меҳмоннавозии ғайридипломатию ғайритоҷикии дипломатҳои тоҷики Сафорат пушаймониҳои зиёд иброз намуда, бо дили ранҷида ва ноумедӣ сафорати кишвари худро тарк карда, гуфта буданд, ки дигар остонаи ин даргоҳро зер намекунанд.
ш.Карочии Покистон.
Солҳои 1997 то 2000-ум фаъолияти дипломатии ман дар ш. Карочии Покистон бо иҷрои вазифаи консулӣ, содир намудани раводид ва ҷамъоварии маълумот дар бораи адади зиёду номаълуми муллобачаҳои тоҷик бахшида шуда буд. Дар он муддат дар мадрасаю институтҳои исломии Покистон ба таври махфӣ ва ғайрирасмӣ имрӯза пайравони Ҳизби басташудаи наҳзати исломии Тоҷикистон-муллобачаҳо бо маблағи давлатҳои араби Халиҷ таҳсил менамуданд ва ҳамеша аз Консулгарӣ дар Карочӣ ва Сафорат дар Исломобод худро пинҳон нигоҳ медоштанд. Ҳамон солҳо қариб ҳамаи онҳо аз мазҳаби ҳанафии Имоми Аъзам берун рафта, ба мазҳаби ваҳҳобию салафии Арабистони Саудию Қатар гузашта буданд, ки оқибаташро мо дар Тоҷикистон мушоҳида намуда истодаем. Натиҷаи фаъолияти дипломатии мо дар консулгарию сафорати Тоҷикистон дар Карочию Исломобод ба он оварда расонид, ки бо амри қатъии Президенти Тоҷикистон ва бо кӯмаку дастгирии падару модарон ҳамаи он муллобачаҳои салафию ғайрисалафӣ дар як муддати кӯтоҳ бо чандин ҳавопаймоҳо ба Ватан баргардонида шуданд. Маҳз ҳамонҳо то имрӯз дар дохилу хориҷи кишвар барои низоми дунявии кишвар мушкилоти идеологию сиёсӣ эҷод намуда истодаанд.
ш. Исломободи Покистон.
Зимистони соли 2008 дарТоҷикистон бениҳоят сард омад, ки ин ҳолат барои табиату иқлими кишвари мо ғайриоддию бегона буд. Аз ин сабаб аксарияти трансформаторҳои кишвар сӯхта, аҳолии зиёд бе барқ монд, одамону чорвои зиёд талаф ёфт. Он вақт ҳаҷми буҷаи мо камтар аз ҳаҷми буҷаи имрӯзаи тақрибан 2,5 миллиарддоллараи Тоҷикистон буд. Бинобар ин таъсири офати табиӣ ба буҷа сахт эҳсос карда мешуд. Ҳукумати ҶТ ба ҳукуматҳои кишварҳои дӯст барои расонидани кӯмаки башардӯстонаи таъҷилӣ муроҷиат кард. Албатта, қабл аз ҳама давлатҳои аъзои ИДМ ба ҶТ кӯмаки беғаразона расониданд. Чунин муроҷиати расмии ҳукумати ҶТ ба сафорати Тоҷикистон дар Исломобод низ расида буд, бинобар ин сафири онвақта Саидбег Саидов бо назардошти надоштани имконияти молиявии Покистон, баъди машварат бо манн-ба ҳайси консулу мушовир, аз истеъдоду маҳорати дипломатии фавқулодааш истифода карда, ба сафири Кувейт муқим дар Покистон ва ғайри муқим дар ҶТ оиди расонидани кӯмак муроҷиат намуд. Сафири мо барои роҳ ёфтан ба дили сафири Кувейт аз дипломатияи хоси худ ва қобилияти шеърнависиаш истифода мекард. Муносибату робитаҳои наздики шахсиаш сабаб шуду дӯсти кувейтии сафирамон ба маблағи 5 млн. доллар аз ҷониби ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Кувейт маблағи хайрия пайдо кард. Вале азбаски дар баробари сатҳи баланди дипломатию қобилияти шеърнависии шоир Саидбег Саидӣ, ба ӯ маҳорату малакаи ҳазлу шӯхибардорӣ намерасид, бинобар ин дар як муддати кутоҳ масъалаи ҷудо гардидани 5 млн. доллар кӯмак аз байн рафт ва сафорат дар назди Вазорату Сардори Ҳукуматамон забонкӯтоҳ шуда монд. Барои аз ин ҳолати муаммоангез баромадан, сафирамон дар Исломобод маҷбуран розӣ шуд, ба муовини худ, дипломати ВКХ ҶТ У. Сайдалиев иҷозат диҳад, то ин масъаларо ҳал намояд, вале танҳо бе кӯмаки сафир. Дар натиҷа ба ман муяссар шуд, ки бо роҳнамоию дастгирии муовини аввали вазир Абдулло Юлдошев дар муддати 3 моҳ ин масъаларо ҳал намоем ва чеки 5 млн. доллараро ба Дастгоҳи иҷроияи Ҳукумат тавассути ҳайати кувейтӣ дастрас кунем. Дар ин ҳолат гарчанде сафир Саидбек Саидов ба ман, яъне консул- муовинаш гузашт кард, бо вуҷуди ин, дертар дар якҷоягӣ бо дӯсти собиқаш сафири Кувейт бераҳмона қасосашро аз Вазорат гирифт.
Исломобод-Деҳлӣ.
Чанд муддат дертар, вақте ки сафир Саидбег Саидов дар сафорати ҶТ дар Ҳиндустон ҳамчун сафир кор мекард ва муовини пештарааш Усмоналӣ Сайдалиев ҳамоно дар сафорати ҶТ дар Исломобод ифои вазифа менамуд, Саидбег Саидов аз Деҳлӣ истода роҷеъ ба сафари ҳайати расмии ҳукуматӣ бо Сардори давлат ба Доруссалом воқиф гашт ва бо истифода аз робитаҳои наздики мустақимаш бо сафири Доруссалом дар Исломобод саҳми худро дар бомуваффақият гузаштани сафари ҳайати президентӣ дар Дорусалом гузошт.
Исломобод.
Натиҷаи дипломатияи бақуввати сафири собиқ С. Саидов дар Покистон ба сафири минбаъда дар Исломобод Зубайдулло Зубайдов низ, албатта таъсир кард ва ба З.Зубайдов низ тавонист дар давоми соли 2009 якҷоя бо консули худ У.Сайдалиев, бо такя ба таҷрибаи кори бисёрсолаи дипломатиаш, мулоқотҳояш бо сарони давлатҳо ва истифода аз муносибату ҳамкориҳои хуби сафорат бо мақомотҳои ҳукуматии Покистон, бахусус Президенти онвақта Осиф Зардорӣ, қарзи 13,5 миллион доллараи Тоҷикистонро дар назди Покистон ба грант мубаддал намояд.
Исломобод.
Соли 2009 каналҳои дипломатии давлатӣ ба таври лозимӣ кор накарду сафари гурӯҳи фарҳангии ҶТ ба ш. Доҳаи давлати Қатар барои иштирок дар Фестивали фарҳанги халқҳои минтақаи Арабу Осиё таҳти суол қарор гирифт. Гурӯҳи 40-нафара барои сафар дар давоми чанд моҳ пешакӣ тайёрӣ дида буд. Мукотибаи дипломатӣ ва гуфтушунидҳои телефонӣ байни ҷонибҳо натиҷа надоданд. Маълум нашуд, ки камбудӣ аз кадом ҷониб содир шудааст. Вале як чиз аён буд, ки ҷониби Қатар ба ҷониби ҶТ аз тариқи сафорати ҶТ дар Исломобод ёддошти расмӣ фиристода, хабар расонид, ки сафари ҳайати фарҳангии ҶТ ба Қатар барои иштирок дар Фестивали фарҳангии ш. Доҳа расман лағв карда шудааст. Тамоми мақомоти дахлдори фарҳангӣ, сиёсӣ ва дипломатии ҶТ рӯҳафтодаю нороҳат шуда буданд. Дар ин ҳолати истисноӣ сафир Саидбег Саидов ба ман-дипломат У.Сайдалиев иҷозат дода, вазифадор намуд, ки ба гуфтушуниди телефонии мустақим бо масъулони Фестивали Фарҳангии Доҳа ворид шавам. Дар натиҷа ҷонибҳо ба қароре расиданд, ки лағви сафар бекор карда мешавад ва ҳайати фарҳангии ҶТ ба Доҳа сафар мекунад. Ҷониби Қатар замонати пардохти хароҷотҳоро дода, илова намуд, ки гурӯҳи фарҳангии ҶТ, новобаста ба таъхир ба Доҳа аз ҷониби ташкилотчиёни Фестивал бо хушӣ қабул карда мешавад ва ба онҳо имкони иштирок дар пешниҳоди барномаҳои консертӣ хоҳанд дод. Дар ҳақиқат Қатар ба ваъдааш вафо кард. Гурӯҳи фарҳангии Тоҷикистон ду барномаи консертӣ пешниҳод намуд. Илова ба пардохти тамоми хароҷотҳои сафару меҳмонхона ва тамошою саёҳати кишвар ба ҳайат ба маблағи 50 000 доллар мукофотпулӣ тақдим карда шуд, ки ба ҳар як узви ҳайат зиёда аз 1000 доллар рост омад. Ин муваффақияти дипломатӣ дар натиҷаи якдилию тифоқии ҷойдошта дар сафорати Тоҷикистон дар ш. Исломобод ва боварии роҳбар ба дигар дипломатҳои зердасташ ба даст омад.
Самараи пурарзиши сиёсати дарҳои кушода ва бисёрсамта, ки дар 25 соли истиқлолияти давлатӣ, давоми солҳои роҳбарии Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон Рашид Олимов, академик Талбак Назаров, Ҳамрохон Зарифӣ то имрӯз ва ҳоло ки тавассути Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Аслов Сироҷиддин Муҳриддинович ба иҷро мерасад, байёнгари он аст, ки сиёсати давлатии татбиқшаванда дар зери роҳбарии Сардори давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Вазирони собиқ ва ҳозира хирадмандонаю дурандешона тарҳрезию роҳандозӣ шуда, идома дорад ва ҳамарӯза онро намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон ва дипломатҳои тоҷик дар хориҷа, дар арсаи байналхалқӣ, дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бо мақсади афзун гардонидани дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ ва бой гардонидани манфиатҳои миллии Тоҷикистон ба иҷро мерасонанд ва ҳамвора обрӯю эътибори сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дипломатияи тоҷик ва халқи онро сарбаландона таъмин менамоянд. Исботи ин фикрҳо ҷонибдории байналмилалии сохтмони неругоҳи Роғун аз тарафи Бонки ҷаҳонӣ, дастгирии илмӣ-техникӣ ва аз ҷиҳати сейсмикӣ бехатар донистани ин неругоҳ барои минтақаи Осиёи Марказӣ аз ҷониби директори генералии институти гидропроекти ш.Москваи Россия ва ниҳоят бори аввал дар моҳи сентябри соли 2016 зикр нагардидани номи неругоҳи Роғун аз минбари Ассамблеяи Генералии СММ аз ҷониби Вазири корҳои хориҷии ӯзбекистон Абдулазиз Комилов мебошад.
Рӯзи дипломатияи Тоҷикистон ба тамоми дипломатҳои собиқ ва дипломатҳои имрӯзаи тоҷик муборак!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ