Муин-тоҷик кист?

Мушоҳида мешавад, ки ба муҳорибаи омехта варзишгароне бозавқу шавқ рӯ меоранд, ки дирӯз паҳлавонони татами ё муштзанони ринг будаанд. Азбаски дар варзиши касбӣ бо камбудии молиявӣ дар мусобиқаҳои байналмилалию ҷаҳонӣ иштирок карда наметавонанд, ё мураббиёни манфиатҷӯйе маҳорату ҳунари ин шогирдони камбизоатро нодида гирифта, ноҳаққиҳо мекунанд, ба муҳорибаҳои омехта ва тан ба тани шарқӣ ё дигар намудҳои ғайриолимпӣ машғул мешаванд, нангу номус карда, аз зарбу лати бешумор ва талаботи варзишҳои ғайрикасбӣ навмеҳаросанд ва ба обрӯйи варзишии Ватанашон –Тоҷикистони соҳибистиқлол обрӯй зам мекунанд.
Яке аз онҳо тоҷикписари 19-сола Муин Ғафуров мебошад, ки се сол боз дар хориҷи кишвар дар муҳорибаи омехта (ММА) бомуваффақият қувва месанҷад ва аллакай дар арсаи ин намуди варзиш бо номи «Муин-Тоҷик» шӯҳратманд гаштааст. Муин дар арсаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз ҷавонтарин баҳодурони унвондор ба шумор меравад. Муин Ғафуров чемпиони ҷаҳон оид ба самбои ҷангӣ (WCSF), оид ба грепплингу (FILA), оид ба MMA (WKA), Устоди дараҷаи байналмилалӣ оид ба самбои ҷангӣ мебошад…

(Маводро пурра дар шумораи навбатии «Тоҷикистон» мехонед).

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *