Дмитрий Кузнетсов: Аккаунти шаҳрвандигирандаҳо бояд тафтиш карда шавад

Дмитрий Кузнетсов, узви Кумитаи дифои Думаи давлатӣ (фраксияи «Справедливая Россия — За правду») бо ирсоли муроҷиатнома ба вазири корҳои дохилӣ Владимир Колоколтсев пешниҳод кардааст, ки аккаунти саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоии шаҳрвандони хориҷие, ки барои иқомат ё гирифтани шаҳрвандии Русия муроҷиат кардаанд, тафтиш карда шавад. Дар ин бора ТАСС хабар медиҳад.

Ба гуфтаи Дмитрий Кузнетсов, узви кумитаи дифоъ, аккаунтҳо бояд барои ифротгароӣ, бадном кардани неруҳои мусаллаҳи Русия ва таблиғи арзишҳои ғайрианъанавӣ тафтиш шаванд.

Вакил дар номаи худ ба мавридҳое ишора кардааст, ки блогерони хориҷии муқими Русия барои нашри муроҷиат ё иттилои ғайриқонунӣ, хусусан барои таблиғи ЛГБТ ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.

«Ба назар чунин мерасад, ки як чораи муассир барои ҷилавгирӣ аз нашри иттилоот дар бораи таблиғоти ЛГБТ ва арзишҳои ғайрианъанавӣ метавонад санҷиши пешакии шахсоне бошад, ки барои сабти номи муваққатӣ ё шаҳрвандии Русия муроҷиат мекунанд»,- мегӯяд Кузнетсов.

Ба андешаи ӯ, «тафтиш кардани аккаунтҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои ифротгароӣ, бадном кардани Қувваҳои Мусаллаҳи Русия ва таблиғи арзишҳои ғайрианъанавӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ имкон медиҳад, ки ба қонуншиканиҳо сари вақт вокуниш нишон дода, онро қатъ кунанд».

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *