Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон кам шуд

— Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон дар 4 моҳи соли ҷорӣ беш аз 2,1 млрд долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 67,2 млн доллар камтар аст,- гузориш медиҳад Кумитаи омор.

Бино ба таъкиди хабар, коҳиши гардиши молу маҳсулот пеш аз ҳама ба коҳиши интиқол аз Тоҷикистон ба хориҷа — 33,2% (214 миллион доллар) вобаста аст.

Тибқи иттилои бадастомада дар моҳҳои январ-апрел аз ҷумҳурӣ ба маблағи 430,5 млн доллар маҳсулот содирот шудааст, воридот низ дар ҳаҷми нисбатан муътадил — 9,5% (146,6 млн доллар) коҳиш ёфтааст. Дар ин муддат ба кишвар ба маблағи ҳудуди 1,7 млрд доллар маҳсулот ворид шудааст.

Ҳамин тариқ, тавозуни манфии савдо қариб ба 1,3 млрд доллар расида, содироти маҳсулоти чорвою растанигӣ, аз ҷумла пахта, маҳсулоти маъданӣ, аз ҷумла нерӯи барқ, металлҳои ғайриқимматбаҳо (алюминий) ва маснуоти аз онҳо нисбатан бештар коҳиш ёфт.

Дар хабар аст, ки ҳаҷми воридот асосан аз ҳисоби кам шудани пешниҳоди маҳсулоти кимиёвӣ, орд ва равған кам шуд. Тоҷикистон дар моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ бо 102 кишвари ҷаҳон равобити тиҷоратӣ дошт.

Ёдовар мешавем, ки Русия шарики асосии тиҷоратист, ки Тоҷикистон дар ин муддат бо он беш аз 512 млн доллар додугирифт кардааст. Пас аз он Чин (458 млн доллар), Қазоқистон (319 млн доллар), Ӯзбекистон (130 млн доллар) ва Туркия (125 млн доллар) ҷойгир шудаанд. Дар байни панҷ шарики беҳтарини тиҷоратӣ дар чаҳор моҳи аввали соли ҷорӣ афзоиши тиҷорат бо Русия (7,5%), Чин (2,1%) ва Туркия (6,3%) ба қайд гирифта шудааст. Гардиши мол бо Қазоқистон (15,1%) ва Ӯзбекистон (25,7%) коҳиш ёфтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *