ДМТ соҳиби маҷмааи муосири варзишӣ шуд
Имрӯз, 31-уми август бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҷмааи муосири варзишӣ ифтитоҳ ёфт. Ин маҷмаа дар шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷойгир аст.
Маҷмааи мазкур дар масоҳати 17 406 метри мураббаъ сохта шудааст.
“Маҷмаа бо усули муосири меъморӣ қомат афрохта, аз лиҳози имконият ва шароити мусоиди машқу тамрин беназир мебошад. Маҷмааи муосири варзишӣ аз чор қисм иборат аст. Дар қисми аввали иншоот, ки аз 3 ошёна ва таҳхона иборат мебошад, толорҳои аэробика, саққобозӣ, шоҳмот, ошхона, бунгоҳи тиббӣ, толори маҳси бадан, ҳамчунин осорхонаи варзишии донишгоҳ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасонро ҷой додаанд”,-иттилоъ медиҳад маркази матбуоти Сарвари давлат.
Дар қисми дуюми бино бошад, толори умумии варзиш бо навтарин таҷҳизот ташкил гардидааст. Дар таҳхонаи ин қисмати иншоот толори вазнбардорӣ (фитнес) ҷойгир аст. Дар толори вазнбардорӣ навтарин таҷҳизот барои обу тоби бадан мавҷуд мебошад ва шароити машқу тамрин низ мукаммал фароҳам гардидааст.
Масоҳати толори умумии варзиш дар қисми дуюми маҷмааи муосири варзишӣ 4320 метри мураббаъро дар бар мегирад. Ин толор барои баргузор намудани намудҳои варзиши волейбол, баскетбол ва футболи хурд пешбинӣ шуда, дорои 980 ҷойи нишаст мебошад.
Дар ҳамин ҷо ҳамчунин маркази радиошунавонӣ бо ҳуҷраҳои техникӣ ва анборхона ташкил намудаанд.
Қисми сеюми маҷмаа аз толори гимнастика ва толори хурди умумии варзиш иборат мебошад. Масоҳати умумии ин қисми иншоот ба 2592 метри мураббаъ баробар аст. Толори хурди умумии варзишӣ, ки дар таҳхона ташкил карда шудааст, дорои шароити мукаммал барои машқу тамрин кардан аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш, аз қабили гӯштини миллӣ, ҷудо, бокс, карате ва муҳорибаҳои тан ба тан мебошад.
Ҳавзи калони шиноварӣ дар қисми чоруми маҷмааи муосири варзишӣ ташкил шуда, масоҳаташ 4320 метри мураббаъ мебошад. Паҳноии ҳавзи шиноварӣ 21 метр ва дарозиаш 50 метр буда, аз 8 қатор ва 732 ҷойи нишаст иборат аст. Шароити фароҳамгардида дар ҳавзи шиноварӣ ба стандарти байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад. Ҳамзамон, дар ин қисмат толорҳои гуногуни хизматрасонӣ ҷой дода шудааст.
Барои гузаронидани дарсҳои назариявӣ ҳуҷраҳои алоҳидаи барҳавои муҷаҳҳаз бо воситаҳои зарурии техникӣ ташкил гардидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ