Гузоштани санги асоси корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти гилию сафолӣ

Имрӯз, 31-уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои оғози бунёди корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти гилию сафолӣ, хишти сабук ва оҳак асос гузоштанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Сарвари давлат, корхонаҳои мазкур дар хиёбони Рӯдакӣ бунёд ёфта, дар он истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла навъҳои гуногуну хуштарҳи сафолак, серанит барои оро додани қисматҳои гуногуни иншоот ва хишти сабук (газоблок) роҳандозӣ мегардад.

Тибқи лоиҳа, иншооти мазкур дар масоҳати 10 гектар бунёд гардида, 8 гектари он барои сохтмони худи коргоҳ ва 2 гектари дигар барои анбори нигоҳдории ашёи хом пешбинӣ гардидааст.

— Корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти гилию сафолӣ, хишти сабук ва оҳак дар шаҳри Душанбе дар асоси технологияи пешқадами ҷаҳонӣ бунёд ёфта, ба хотири ҳифзи табиат ва камтаъсир будан ба муҳити зист тамоми меъёрҳои экологӣ ба инобат гирифта шудааст,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *