загс

Хатлон: Никоҳ зиёду талоқ кам шудааст

Дар ҳафт моҳи соли равон дар вилояти Хатлон 1 ҳазору 576 ақди никоҳ бекор карда шудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар ҳамин давраи соли 2022-юм бекоршавии никоҳ 2 ҳазору 233 ҳолатро ташкил мекард.

Бунафша Раҳимзода, сардори Шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии Раёсати адлияи вилояти Хатлон дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки дар ҳафт моҳи соли 2023-юм 2 ҳазору 223 оила ҷудо шуда буданд. Ӯ мегӯяд, ки имсол ҷудошавӣ 657 ҳолат кам шудааст.

“Бо қарори суд 1 ҳазору 151 оила, бо розигии ҳамсароне, ки фарзанди умумии ноболиғ надоранд 396 ва бо розигии яке аз ҳамсарон 29 оила аз ҳам ҷудо шуданд. Мутаассифона, аз ҳисоби ҷудошавии оилаҳо 1 ҳазору 554 кӯдак дар тарбияи яке аз волидонанд”,- гуфт ӯ.

Бунафша Раҳимзода афзуд, ки давоми соли равон шумораи бақайдгирии давлатии ақди никоҳ нисбати соли гузашта зиёд шудааст. Ӯ таъкид кард, ки “дар ҳафт моҳи соли гузашта 14 ҳазору 199 ақди никоҳ ба қайд гирифта шуд ва давоми соли равон бошад, 15 ҳазору 455 ақди никоҳро сабт кардаем”.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *