Додани патенти кор дар вилояти Нижний Новгород ба муҳоҷирон қатъ гардид

Дар вилояти Нижний Новгороди Русия аз 1 октябр додани патент барои кор ба хориҷиён қатъ гардид.

Дар ин бора Раёсати масоили муҳоҷирати Сарраёсати ВКД –и Русия дар ин минтақа хабар медиҳад.
Тибқи иттилои мақомоти мазкур, додани патент ба шаҳрвандони хориҷӣ барои ҳуқуқи кор дар асоси фармоиши ВКД –и Русия қатъ гардидааст.

Тавре ки зикр шудааст, ба хориҷиёне, ки пештар патенти кор гирифта буданд, Раёсати масоили муҳоҷират ҳуҷҷатро дубора ба расмият дароварда, иҷозати идомаи корро доранд.
Ҳамзамон, аз моҳи апрели соли 2024 ба муҳоҷирон дар вилояти Нижний Новгород ронандагӣ дар таксӣ манъ гардидааст.

Дар минтақаҳои Русия қаблан низ ба кори муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳо маҳдудият ҷорӣ шуда буд. Аз ҷумла, кор дар соҳаҳои савдо, нақлиёт, мусофирбарӣ, бахши сайёҳӣ, маориф ва ғайра манъ шудааст. Чунин маҳдудиятҳо умуман дар 23 минтақаи Русия ҷорӣ шудаанд.

Тибқи иттилои «Коммерсантъ», дар зарфи 7 моҳи соли 2024 вуруди хориҷиён ба вилояти Нижний Новгород ба миқдори 24% — то 61 ҳазор нафар кам шуд, ки 62%-и онҳо маҳз муҳоҷирони корӣ мебошанд.

Қобили зик аст, ки аз 1 январи соли 2025 шаҳрвандони хориҷӣ наметавонанд дар корхонаҳои хӯроки умумӣ, мағозаҳои фурӯши машрубот ва тамоку, инчунин, дар соҳаҳои хидматрасониҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла бахшҳои варзиш, фарҳанг, фароғату истироҳат, тандурустӣ ва маориф дар вилояти Маскав кор кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *