Додани садақаи фитр ба акаву додар дуруст аст, агар фақиру бенаво бошанд

Дар рӯзҳои моҳи шарифи Рамазон Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода ба як қатор саволҳои суолгузорандагон посух дод, ки беҳтаринҳояшро пешкаши хонандагони азиз месозем.

Воҷиб ном сокини ноҳияи Варзоб мепурсад, ки “домуллои муҳтарам, фитри рӯза барои Рамазони соли 2022 чӣ миқдор муайян шудааст?”.

Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода чунин посух мегӯяд:

— Мувофиқи қарори Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои Рамазони имсола фитри рӯза ба ашхосе, ки сатҳи зиндгиашон миёна аст, 7 сомонӣ муқаррар гардидааст. Барои нафароне, ки зиндагии хуб доранду сарватманд ҳастанд, фитри рӯза аз ҳисоби гандум 7 сомонӣ ва аз ҳисоби мавиз 80 сомонӣ муқаррар гардидааст.

— Оё шахсе, ки рӯза намедорад, фитри рӯза медиҳад?,- мепурсад Мадина аз шаҳри Панҷакент.

— Шахсе, ки рӯза намедорад, бояд садақаи фитр диҳад. Аслан, фитри рӯза ба ҳамаи аҳли хонавода зарур аст,- посух медиҳад Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода.

Зимнан, Мардон ном сокини ноҳияи Ашт суол мегузорад:

— Бархе мегӯянд, ки фитри рӯзаро ба домуллое, ки аз пасаш намоз мегузорӣ, бояд дод. То чӣ андоза ин дуруст аст?

Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода посух медиҳад:

— Фитри рӯза ба ашхоси фақиру мискин ва нафароне, ки Худованд дар ояти 60-уми сураи “Тавба” зикр кардааст, дода мешавад. Садақаи фитр ва хайрот, пеш аз ҳама, ба наздикон, хешу табори камбизоату муҳтоҷ, табақаҳои ниёзманди ҷомеа, яъне ятимону маъюбон, шахсони бесаробон ва оилаҳои камбизоат аз ҳисоби заҳмати ҳалол ва бо дасту қалби пок дода мешавад. Агар домуллои шумо аз ҷумлаи ин гуна ашхос бошад, пас додани фитри рӯза ба ӯ боке надорад.

Муҳаммадҷон аз ноҳияи Айнӣ изҳор медорад:

— Мегӯянд, ки фитри рӯзаро ба ака, додар ё апа додан ҷоиз нест. Оё ин дуруст аст?

— Додани садақаи фитр тибқи мазҳаби Имоми Аъзам (р) ба касоне дода мешавад, ки масрифи закот ҳастанд, яъне фақиру мискин, мадюн, омили садақа ва ғайра. Бинобар ин, додани садақаи фитр ба акаву додар ва апаву хоҳар дуруст аст, ба шарте, ки фақиру бенаво бошанд,- шарҳ медиҳад Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода.

Санҷар аз ноҳияи Деваштич мегӯяд, ки “падарам дар зиндон аст. Оё ба ӯ ҳам додани фитри рӯза равост?”.

— Оре, агар моли шумо ба нисоб расида бошад, пас барои шумо закот воҷиб аст. Инчунин, садақаи фитр бар шумо воҷиб аст,- посух медиҳад Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *