Маҳдудиятҳои “Алиф» бекор шуд

Ҳафтаи гузашта “Тоҷикистон” оид ба маҳдудиятҳои нави “Алиф Бонк” матлабе таҳти унвони ““Алиф Бонк” Тоҷикистони исломӣ месозад?” нашр карда буд. Баъди нашри ин матлаб ва сарусадои сокинон бо талаби Бонки миллии Тоҷикистон баъзе маҳдудиятҳои “Алиф Бонк” бекор карда шуд. Дар ин бора сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки “Алиф Бонк” бо далели гузаштан ба низоми исломӣ баъзе маҳдудиятҳо ҷорӣ карда буд: “Бар асоси усулу қоидаҳои шариат дар кортҳо пардохти маблағҳо барои бархе молҳо ва хидматрасониҳо маҳдуд карда мешаванд: муассисаҳои дилхушӣ, клубҳои шабона, барҳо, пабҳо, мағозаҳои молҳои динӣ, хадамоти шиносоӣ ва эскорт, мағозаҳои асбоби мусиқӣ, фортепиано ва нотаҳо, толорҳо ва студияву мактабҳои рақс, суғурта, андеррайтинг ва дигар молҳое, ки шариат манъ кардааст”,- омада буд дар эълони бонк.

Бонки миллӣ мегӯяд, ки рӯзи 20-уми апрел аз масъулони «Алиф» барои ҷорӣ кардани ин маҳдудият далел хост.

Масъулони бонк дар номаи ҷавобӣ гуфтаанд, ки баъзе аз пешниҳодҳои худро бознигарӣ карда, риояи баъзе маҳдудиятҳоро «ба зиммаи худи мизоҷон гузоштанд», «чун таъмини назорати ҳамаҷониба ғайриимкон аст».

Аз ҷумла: мағозаи асбоби мусиқӣ, фортепиано ва нотаҳо; гуруҳҳои оркестрӣ ва ҳунармандони гуногун; фурӯши суғуртаҳо, андеррайтинг ва пардохтҳои суғуртавӣ; мағозаҳои маҳсулоти динӣ.

Ба низоми исломӣ гузаштан ва бар асоси қоидаҳои шариат кор кардани бонк боиси баҳсу эътирозҳо шуд. Баъзе аз он пуштибонӣ карданд, аммо иддае хилофи низоми дунявӣ донистанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *