Дар Тоҷикистон барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ анбору сардхонаҳо месозанд

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Дафтари Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нигоҳдорӣ ва захираи маҳсулоти кишоварзӣ анбору сардхонаҳо бунёд мекунад.

Бино ба иттилои Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, ин ва дигар масъалаҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ зимни мулоқоти Нигина Анварӣ — муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Дафтари Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардидаанд.

— Ҷонибҳо омодагии худро барои ҳамкориҳои минбаъда дар самти содироти маҳсулоти кишоварзӣ, занҷираи арзиши иловашудаи пахта иброз намуда, масъалаҳои обкашонӣ ва инфрасохтори он, пешгирӣ аз тағйирёбии иқлим, таъмини оби ошомиданӣ, ҳифзи муҳити зист ва омодагӣ ба коҳиш додани оқибатҳои манфии тағйирёбии иқлимро, ки ба рушди соҳаи кишоварзии мамлакат саҳми назаррас мегузоранд, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *