Ҷанозаи се мусофири тоҷик дар Руссия

Рӯзи 28 сентябр дар масҷиди шаҳри Новокузнетски Русия намози ҷанозаи се муҳоҷири тоҷикро хонданд. Зодагони ноҳияи Деваштич Наҷмиддин Маҳмудови 34-сола ва Дилшод Оқмирзоеви 20-сола дар як садама ҷон бохтанд. Аюб Раҳмонови 37-сола аз Табошарро бародараш куштааст…

Рӯзи 28 сентябр дар масҷиди ҷомеи шаҳри Новокузнетски вилояти Кемеровои Русия намози ҷанозаи се муҳоҷири тоҷикро хонданд. Баъди адои намоз се тобути ин се муҳоҷирро, ки дар мулки мусофирӣ ҷон ба Ҷаббор доданд, тобут карда, барои гӯру чӯб ба Ватан фиристоданд.

Раиси ҷамъияти тоҷикони Новокузнетск «Дӯстии миллати тоҷику рус» Шавкат Тоиров ба сомонаи «Ахбор” гуфт, «ҷамъияти точикон ва ҷамъияти мусулмонони Новокузнетск «Абдураҳмон» тамоми кӯшишро кардем, ки ҷасадҳои муҳоҷирони тоҷик дар сардхона намонад. Ҳоло ҳарсе тобутро ба Тоҷикистон фиристодем, ки дар Ватан ба хок супурда шаванд. Худо раҳматашон кунад!”

Дар ду хатти марге, ки идораи ЗАГС додааст, таърихи даргузашти Наҷмиддин Камолиддинович Маҳмудов, соли таваллудаш 1983 ва Дилшод Муродҷонович Оқмирзоев, соли таваллудаш 1987, як рӯз – 26 сентябри соли 2017 – ва макони вафоти онҳо – шаҳраки Ключи дар наздикии шаҳри Прокопевски вилояти Кемерово навишта шудааст.

Наҷмиддин ва Дилшод ва ду муҳоҷири дигар аз ноҳияи Деваштич (Ғончии собиқ) савори мошини «Жигули 06”-е буданд, ки дар Ключи дучори садама шуд. Як мошини тамғаи «Лексус”, ки бо суръати баланд ҳаракат мекард, аз пушт «Жигули”-и муҳоҷирони тоҷикро пахш кард.

Наҷмиддин ва Дилшод дар ҷои ҳодиса ҷон доданд ва ду ҳамватани онҳо ҳоло дар шӯъбаи эҳё (реаниматсия)-и бемористон қарор дошта, табибон барои наҷоти ҷони онҳо мубориза мебаранд.

Аммо Раҳмонов Айюб Пардабоевич, соли таваллудаш 1980, зодаи шаҳраки Истиқлол (собиқ Табошар)-и вилояти Суғд, алакай шаҳрванди Русия шуда буд. Тири аҷал ӯро дар шаҳри Новокузнетск дарёфт ва сабаби маргаш ҳам бародари хурдиаш шуд. Бародари ӯ, ки маризии рӯҳӣ дошт, аз сари ҷаҳл рӯзи 27 сентябр Айюбро куштааст.

Ҳоло ҷанозаи Айюб дар роҳ ба Ватан ба сӯи манзили охиринаш қарор дошта, бародарашро бо ҷурми куштор боздошт кардаанд.

Шумори муҳоҷирони тоҷик дар Русия камобеш 1 миллион гуфта мешавад. Ҳар сол ба иллатҳои мухталиф дар ин мулки мусофирӣ беш аз 1000 муҳоҷири тоҷик вафот мекунанд. Яъне ба ҳисоби миёна ҳар рӯз дар Русия то 3 зодаи Тоҷикистон ба зиндагӣ падруд мегӯянд…

Худо мағфираташон кунад ин муҳоҷирбачаҳои ҷавонмаргро, ки барои нон ҷон додаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *