Зиндагии хуби брежневӣ

хоҳ бовар кунед, хоҳ не…

Ҳар боре ки ба ҷавонон дар бораи ҳаёти серу пури мардуми шӯравӣ дар замони ҳукмронии Котиби генералии КМ КПСС Леонид Илич Брежнев  бо ҳасрат нақл мекунем, бовар накарда,  ба телефонҳои худ «ғӯта мезананд». Ба гӯшашон  гӯё   афсона мехонем. Онҳо арзишҳои маънавии худро дар интернет ёфтаанд…

Аммо барои аксари мо — калонсолон ба ёд овардани он рӯзҳои хуши «зиндагии брежневӣ»  хеле гуворо буда, лаҳзае мушкилоти имрӯзаро фаромӯш месозем.

Мусаллам аст, ки дигар он рӯзҳои хуши брежневӣ  барнамегарданд.

Хонаю бӯстонсаройҳо аз рӯйи навбат, «мошинҳои халқӣ» дар гузашта монданд. Ёдрас мешавем, ки Леонид Илич барои халқи шӯравӣ чиҳоро муҳайё  карда буд.
Фаровонӣ  ва камбудӣ

Дар солҳои 70-уми асри гузашта СССР аз дигар давлатҳо бо он фарқ мекард, ки ҳама чизро – аз интиқолдиҳандаи мушакҳо то либоси таг истеҳсол мекард.

Бигзор, ки маҳсулот назарногир буду либос ҷавобгӯ ба стандартҳо набуд, вале аз они худамон буд.

Иттифоқи Советӣ то солҳои 1980 доир ба ҳаҷми истеҳсолоти саноатӣ ва кишоварзӣ дар Аврупо якумин ва дар ҷаҳон пас аз ИМА дуюмин буд. Масалан, мо дар ҷаҳон аз ҳама бештар семент истеҳсол мекардем, техникаи кишоварзии советӣ, новобаста ба сифатҳояш, ба 40 кишвари дунё содир мегардид.

Айбҷӯйӣ аз хусуси он ки дар замони Брежнев «ҳам хунукӣ буду ҳам гуруснагӣ» воқеият надорад. Ҳеҷ кас пешгӯйӣ карда наметавонист, ки аз пастахтаҳои дӯкону фурӯшгоҳҳо фалон чиз камчин мешавад. Дефисит – камёбӣ ва воситабозӣ меъёри зиндагӣ шуда буд. Харидани ҳасиби дуддодашуда (копчённый) ё ярмаи марҷумак (гречка) дар маҳалҳо душвор, вале мумкин буд. (Мо, тоҷикон таъми шавлаҳои  гречка, перловка, лаблабуи сурху зеленый горохро хӯроки хоси русҳо мепиндоштем ва маҷбур дар хизмати ҳарбӣ мечашидем, шакар нею қанд мехаридем – Э. Н.). Барои аҳолии Русия дарҳои пойтахти меҳмоннавоз ва намакдор кушода буд, ки  он ҷо мефурӯхтанду мехариданд ва хонҳои солинавиро оро медоданд.

 

162 млн соҳиби хона шуданд

Дар солҳои брежневӣ даромади ҳаққонии шаҳрвандони шӯравӣ беш аз якуним баробар афзуд. Аҳолии шӯравӣ аз зиндагии осоишта кайфият бурда, ба маишати муносиб меҳр пайдо мекард.
Дар ин солҳо аҳолӣ ба 12 млн афзуд. Навбатпоии 162 млн барои манзили ройгон бомуваффақият анҷом ёфта, маблағи квартирапулӣ ҳамагӣ 3% даромади умумии оиларо ташкил медод. Зиндагӣ пайи ҳам хушбахтиҳо меовард. 6 сотихӣ  қитъаи заминро падарону модарони мо маҳз дар замони Брежнев мегирифтагӣ шуданд.

 

Мошини халқӣ

Соли 1970 дар заводи автомобилсозии Волжск ба истеҳсоли автомобили «Жигули» шурӯъ карданд. То охири соли дигар завод ҳар рӯз то  735 мошин ВАЗ-2101, ки халқ онро «копейка» лақаб монд, мебаровард! ( Ҳоло ҳам дар кӯчаҳои мо онро дидан мукин аст). Ин мошинро аз рӯйи навбат ё ба воситаи корчаллонҳои шинос  мехаридем. Дастрасӣ ба «Жигули» баъзан солҳо тӯл мекашид, вале меваи интизориҳо хеле ширин мешуд! Албатта, барои харидани мошин маблағро солҳо ҷамъ мекарданд. Ниҳоят мошини худӣ мақоми орзуи амалиношуданиашро гум кард.

Ҳаёти осоишта

 

26 майи соли 1972 Брежнев ва Никсон ба шартномаи ПРО имзо гузоштанд, ки он имконияти ду абарқудратро дар самти бунёди муҳофизати зиддиракетавӣ маҳдуд намуда, имконияти бе муҷозот зарбазании  ҳастаиро аз байн мебурд. Пас аз даҳсолаҳои асабхаробсоз ва интизориҳо ба ҷанҷолҳои харбӣ ҳаёти осоишта фаро расид.
Замони имтиёзҳо

 

Ҳaфтаи панҷрӯзаи корӣ ва ду рӯзи истироҳат   бароямон аз замони Брежнев мерос мондааст. Дар ин вақт рухсатии сеҳафтаинаи маблағдори кафолатнок пайдо шуд, ки то имрӯз ҳатто дар Иолоти Муттаҳидаи Амрико вуҷуд надорад. Ва агар ба ин роҳхатҳои имтиёзнок ва ройгонро ба санатория ва истироҳатгоҳҳои тобистонаи бачагона, вуҷуд надоштани бекорӣ, маълумоти олӣ ва табобати ройгонро зам намоем, зиндагӣ дар Мамлакати Советҳо имрӯз афсона ба назар мерасад.

Э. НАЗАРОВ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *