Додситонӣ: Трамп ба ҷавобгарӣ кашида намешавад

Додситони кулли ИМА Вилям Барр зимни ироаи гузориш ба Конгресси Амрико гуфт, ки Доналд Трамп дар робита ба дахолати Русия ба интихоботи ин кишвар “ба ҷавобгарӣ кашида нахоҳад шуд”.

Додситони кулли ИМА Вилям Барр  зимни ироаи гузориш ба Конгресси Амрико гуфт, ки Доналд Трамп дар робита ба дахолати Русия ба интихоботи ин кишвар “ба ҷавобгарӣ кашида нахоҳад шуд”.

Вилям Барр рӯзи 1 май дар иртибот ба гузориши додситони вижа Роберт Мюллер дар бораи алоқаи эҳтимолии Трамп бо Русия дар Конгресс  суханронӣ кард.

Зимнан, Роберт Мюллер дар зарфи ду сол мудохилаи эҳтимолии Русия ба интихоботи раёсати ҷумҳурии ИМА дар солли 2016-ро таҳқиқ кард ва натиҷаи он 24 марти соли ҷорӣ мунташир гардид.

Тафтишоти беш аз дусолаи ӯ  муайян кард, ки Русия бо паҳни иттилои дурӯғ ва ҳамлаҳои ҳакерӣ ба интихоботи президентии ИМА дахолат кардааст. Вале далеле пайдо нашуд, ки созиши Трамп ё тими ӯро бо Русия дар давраи интихобот исбот кунад.

Дар ҳамин ҳол, бештари аъзои Конгресс, аз ҷумла намояндагони Ҳизби демократ аз нашр шудани нусхаи таҳриршудаи гузориш норозиянд. Бинонбар ин, ҳоло онҳо аз додситони кул Барр суол карданианд, ки ҳамчун нафари аз сӯи Трамп таъйиншуда ба муфаттишон фишор овардааст ё не.

Ҳамчунин интизор меравад, демократҳо хулосаи гузориши Мюллерро дар бораи он ки гӯиё Трамп ва атрофиёни ӯ дар муборизаҳо барои курсии президентии ИМА аз Русия кумакеро дарёфт накардаанд, зери шубҳа қарор диҳанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *