Ӯзбекистону Эрон дар Афғонистон роҳи оҳан месозанд

Ҳайатҳои Ӯзбекистон ва Эрон мавзӯъи бунёди роҳи оҳани масири “Мазори Шариф-Ҳирот” дар қаламрави Афғонистонро баррасӣ кардаанд.

Ҳайатҳои Ӯзбекистон ва Эрон мавзӯъи бунёди роҳи оҳани масири “Мазори Шариф-Ҳирот” дар қаламрави Афғонистонро баррасӣ кардаанд.

Тавре маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон хабар медиҳад, ин масъала дар ҷараёни дидори Абдулазиз Комилов, вазири хориҷаи Ӯзбекистон ва Камол Харрозӣ, намояндаи вижаи Оятулло Хомайнӣ, раҳбари маънавии Эрон дар шаҳри Тошканд матраҳ шудааст.

Ҷонибҳо таъкид кардаанд, ки ин қисмати роҳ дар сохтмони роҳи оҳани масири Ӯзбекистон-Туркманистон-Эрон-Уммон муҳим унвон кардаанд.

Ба гуфтаи ҷониби Ӯзбекистон дар сурати бунёди ин роҳи оҳан Ӯзбекистон ба бандарҳои баҳрҳо роҳ ёфта, ин амр ба густариши ҷаҳонгардӣ, рушди ҳамкориҳои иқтисодию фарҳангӣ миёни ин кишвар мусоидат хоҳад кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *