Додситониҳо президентро ба ҷавобгарӣ мекашанд

Додситонҳои кулли ҳавзаи Колумбия ва аёлати Мэриленд бар инанд, ки президент Доналд Трамп зидди Конститутсияи ИМА амал мекунад, дар ҳоле ки қонуни асосӣ қабули туҳфа ва подошро аз давлатҳои хориҷӣ манъ намудааст.
Ба ақидаи даъвогарон, Конститутсияи ИМА талаб мекунад, ки мансабдори амалкунандаи давлатӣ наметавонад, тиҷорати бузургеро идора кунад, ки аз хориҷа сармоягузорӣ мешавад.

Ин нахустин аризаи додгоҳии давлатмардон аст, ки тасмими Трампро ба нигоҳ доштани ҳаққи моликият ба ширкатҳояш пас аз ғалаба дар интихоботи президентӣ зери суол мебарад.

Моҳи январ Трамп гуфт, ба хотири пешгирӣ аз бархӯрди манофеъ тиҷорати ӯро фарзандонаш раҳбарӣ мекунанд, аммо ӯро аз рафти корҳо дар ҷараён мегузоранд.

Додситони кулли ҳавзаи Колумбия Карл Рэйсин ва ҳамтои ӯ аз аёлати Мэриленд Брайан Фрош бар инанд, ки Трамп он банди қонуни асосии Амрикоро поймол кардааст, ки мансабдори ИМА «набояд бе иҷозаи Конгресс аз ягон подшоҳ, шоҳзода ё давлати хориҷӣ ягон хел подош, туҳфа, мақом ё унвони гуногун гирад».

Конгресси ИМА, ки аксариятро дар он ҳамҳизбиёни Трамп ташкил медиҳанд, ба тасмими нафурӯхтани тиҷорати ӯ вокуниш нишон надодааст. Додситонҳо мегӯянд, бо даъвои худ низоми назорат ва подвазнро ба кор меандозанд, ки бояд тавозунро миёни шохаҳои гуногуни қудрати давлатӣ ҳифз кунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *