Мусофирони нохалаф ронандаро буғӣ карда куштанд

Бино ба иттилои ВКД зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустӯҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар якҷоягӣ бо дигар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ду нафар сокинони ноҳияи Б.Ғафуров: марди 22-солаи пеш бо моддаи 255 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шуда ва марди 21-сола, ки пеш бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор дастгир карда шуданд.

Гумонбаршудагон, 8-уми июни соли 2017, тахминан соати 15:00-дақиқа дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Хистеварз ҳангоми дар дохили автомашинаи марди 21-солаи сокини ноҳияи мазкур, тамғаи “Опел-Астра” қарор доштанашон, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо ӯ ҷангу муноқиша кардаанд. Сипас, ӯро лату кӯб намуда, бо роҳи буғӣ кардан ба ҳалокат мерасонанд.
Гумонбаршудагон бо мақсади рӯйпӯш намудани ҷинояти содирнамудаашон ҷасади марҳумро ба дарёи “Сир” партофта, автомашинаашро ба ҳудуди ноҳияи Лейлеки Ҷумҳурии Қирғизистон бурда, ба шахсони номаълум ба маблағи 6 ҳазор сомонӣ фурӯхтаанд.
Нисбати далели мазкур бо моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *