Доктор Абдулло дар Душанбе

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолаҳаи миллии Афғонистон, ин субҳ вориди Душанбе шуд. Ин хабарро вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон таъйид намуд
Муҳибуллоҳ Нурӣ, раиси дафтари равобити минтақаӣ ва ҷаҳонии Шӯрои олии мусолаҳаи миллии Афғонистон, узви ҳайати ҳамроҳ, ба Sputnik Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳадафи ин сафар тарҳи дипломатияи минтақаӣ барои тақвияти асли моликият ва раҳбарии афғонҳо ва эҷод иҷмоъи минтақавӣ дар заминаи ҳимоят аз раванди сулҳ аст.

“Ин яке аз ибтикорҳои Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Ҷумҳури исломии Афғонистон буда, пайваста ба сафарҳои минтақавии раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллӣ сафари имрӯзашон ба Ҷумҳури Тоҷикистон аст. Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ба таҷрибаи истиқрори сулҳ дар ин кишвар метавонад Афғонистонро дар раванди сулҳ ҳамкорӣ намояд”, — гуфт Муҳибуллоҳ Нурӣ.
Қарор аст Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо раҳбарони раддаи аввал, қабл аз ҳама раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон мулоқот анҷом диҳад ва ҳамзамон бо шаҳрвандони кишвараш дар Тоҷикистон дидорбинӣ кунад. Сафари ӯ ду рӯз идома хоҳад кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *