Доктор Алоӣ сабаби хурӯҷ ва пешгирӣ аз COVID 19 — ро 19 гуфт
Доктор Ораш Алоӣ дар фасли сармо ва авҷи бемории коронавирус ба мардуми Тоҷикистон чанд тавсия дод.
“Бо омадани фасли сармо мардум дару тирезаҳои утоқҳои корӣ ва хонаҳоро пӯшида, ҳароратро аз 18 дараҷа зиёд мекунанд, ки ин амал сабаби авҷ гирифтани бемории COVID — 19 шуда метавонад. Яке аз роҳҳои маъмули пешгирии ин беморӣ дар нақлиёти истифодаи умум, утоқҳои корӣ ва хона пайваста кушодани тирезаҳо, ҳаворо он ҷойҳоро тоза намудан, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳатман аз ниқобҳои тиббӣ истифода бурдан, худдорӣ намудан аз рафтан ба маъракаҳои серодам ва риоя намудани масофаи иҷтимоӣ мебошад”, -гуфт директори Институти саломатии ИМА доктор Ораш Алоӣ зимни семинар-машварати онлайнӣ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон.
Ин семинар вобаста ба пешгирӣ ва табобати бемории COVID-19 бо иштироки муовинони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ ва табибоне, ки бевосита гирифторони коронавирусро табобат мекунанд, доир шудааст. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, Ораш Алоӣ зимни семинар-машварати мазкур доир ба усулҳои нави ташхис ва табобати бемории COVID-19 ба иштирокчиён маълумот пешниҳод намуд.
Номбурда аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки ҳоло нафароне, ки дар кӯчаҳо бе ниқоби тиббӣ мегарданд, зиёд ба назар мерасад. Дар ин росто, гуфта шуд, ки риояи ҳатмии реҷаи ниқоб низ дар самти пешгирии бемории коронавируси нави COVID-19 хеле манфиатбахш мебошад. Доктор Ораш Алоӣ сабаби кам бемор шудан ва фавт аз COVID-19 дар Тоҷикистонро гуфт. Ба андешаи ӯ, Тоҷикистон кишвари кӯҳсор аст ва ҷойҳои издиҳом дар он кам вуҷуд доранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ