Тазоҳурот бо шиори «На деҳқонон, на ғизо»

Садҳо сикҳои амрикоӣ бо корвони бузурги мошинҳои эътирозгарон аз манотиқи гуногуни Калифорния, Ню Йорк, Хьюстон, Мичиган, Чикаго, Вашингтон ва чанд шаҳри ИМА ба нишони пуштибонӣ аз деҳқонони Ҳиндустон тазоҳуроти осоиштаи эътирозӣ баргузор карданд. Тазоҳурот бар зидди ислоҳоти нави кишоварзӣ сар зад, ки талаб доранд то лағви қонунҳои навро барои деҳқонон фаъолияти озод диҳанд. Дар ин бора нашрияи THE WEEK ва сомонаи Wionews хабар медихад.

Инчунин гуфта мешавад ҳазорон деҳқонон дар сарҳади Деҳлӣ бо талаби лағви се қонуни кишоварзӣ, ки дар моҳи сентябр қабул карда буданд, тазоҳурот карданд. Шиори эътирозгарон «На деҳқонон, на ғизо» ва «наҷот ба деҳқонон» буд.

Аммо, ҳукумат даъво дорад, ки қонунҳои нав ба кишоварзон имкониятҳои беҳтар фароҳам меоранд ва технологияҳои навро дар соҳаи кишоварзӣ боз мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *