Домод хонаи падарарӯсро сӯхт

Марди 36 сола истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе бо иттиҳоми оташзадани хонаи падарарӯсаш дастгир гардидааст.

Бино ба маълумоти  ВКД ба идораи милиса дар Ваҳдат ҷабрдида- марди 56-сола, сокини деҳаи Адолати ҳамин шаҳр муроҷиат намуда, арз доштааст, ки “30-юми сентябри соли 2017, домодаш, марди 36-солаи сокини шаҳри Душанбе ба манзили истиқоматиаш омада, ба воситаи сӯзишвории “бензин” хонаи истиқоматиашро оташ зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст”.

Манбаъ ҳаҷми зарари расонидашударо 2 ҳазору 400-сомонӣ арзёбӣ кард. ВКД афзуд, ки нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *