59 нафарро дар Лас Вегас кӯштанд

Шумораи қурбониёни тирпарронӣ дар Лас-Вегаси иёлати Невадаи ИМА  ба 59 нафар ва теъдоди захмиён ба 527 нафар расид. Дар ин бора сардори шуъбаи полиси Лас-Вегас Ҷозеф Ломбардо рӯзи душанбе зимни нишасти матбуотӣ, ки аз ҷониби шабакаи телевизионии «CNN» пахш мегардид, сухан гуфт.

«Теъдоди захмиён афзуд ва он ба 527 нафар расид. Шумораи қурбониён 59 нафарро ташкил медиҳад», — гуфт ӯ.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи якшанбе Стивен Пэддоки 64-сола ба тарафи тамошобинони консерте, ки дар наздикии маҷмааи меҳмонхонаю дилхушии «Mandalay Bay»-и Лас- Вегас мегузашт, оташ кушод. Бино ба маълумоти полис, ҷинояткор то омадани полис худкушӣ кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *