Домоди “фальшивий” шарманда шуд

Додгоҳи Магнитогорски вилояти Челябинск ақди никоҳи як русдухтарро бо ҷавони тоҷик бекор кардааст. Ба иттилои дафтари матбуоти додситонии вилоят, дар рафти санҷиш маълум шудааст, ки шаҳрванди Тоҷикистон танҳо барои дарёфти иҷозатномаи зисти муваққатӣ дар Русия бо сокини Урали Ҷанубӣ Светлана Бакирова никоҳ кардааст. Зан аснои суҳбат иброз доштааст, ки ҷавон аз ӯ пулу пайса талаб намекардааст, вале барои шаҳрвандӣ гирифтан ӯро ба никоҳ кардан маҷбур намудааст.

Ин аввалин ҳолати бекор намудани ақди никоҳи шаҳрвандони Тоҷикистон бо хонумҳои рус нест. Дар гузашта низ расонаҳо аз чандин ҳолатҳои мушобеҳ хабар дода буданд. Дар бештари маврид сабаби бекор кардани ақди никоҳ сохтакорӣ  мебошад. Чанде пеш аз бекор шудани ақди никоҳи як хонуми тоҷик бо марди рус иттилоъ дода шуда буд, чунки тоҷикдухтар барои якумра зани марди рус шудан ӯро ба ЗАГС кардан маҷбур намудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *