Садамаи нақлиётӣ сари тоҷикбачаро хӯрд

Дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар Русия як шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расида, як тани дигар маҷруҳ шудааст. Ба иттилоъи Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия рӯзи 17-уми ноябр дар шоҳроҳи мошингарди Челябинск-Екатеринбург ронандаи сабукрави “Лада”,  ки шаҳрванди Тоҷикистон будааст, ба самти муқобил баромада, ба мошини “Ford Fusion” бармехӯрад. Дар пайи ин садама худи ронанда ҷароҳат бардошта, мусофири дигари “Лада”, шаҳрванди 32-солаи Тоҷикистон ба ҳалокат расидааст: “Як зани 50-сола, мусофири “Ford Fusion” ҳам бо ҷароҳатҳои вазнин ба беморхона интиқол дода шуда, зери назорати табибон қарор дорад. 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *