Домодро кӣ дар моҳи асал кушт?

Мегӯянд, ки ин ҷавони 23-солаи кӯйбеширо дар ҳаммом бо табар зада куштаанд…
Яке аз хонандагони ҳафтаномаамон аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба идораи мо занг зада гуфт:

-Апаҷон, чанд рӯз боз дар ноҳияи мо овозаи даҳшатнок паҳн шудааст, ки дар Субтропик як шаҳбачаро шаби тӯй бо табар зада куштаанд. Илтимос, дар бораи ҳамин ҳодиса нависед. Бисёр мехоҳем донем, ки барои чӣ ин ҷавони бечораро табаркуш кардаанд…

Пас аз ин чанд нафари дигар ба мо занг зада, оиди ҳамин ҳодиса пурсон шуданд. Сару садоҳои зиёд дар бораи марги шаҳбачаи ноком моро ба он водор намуданд, ки баҳри фаҳмидани асли гап роҳ ҷониби  ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ пеш бигирем. Вақте дар назди таксиҳои самти деҳаи Рустами Абдураҳим (Субтропик) расидем, як гурӯҳ мардон байни худ баҳс доштанд. Ба суҳбаташон каме таваҷҷуҳ намуда дарёфтем, ки баҳс  атрофи ҳамон шаҳбачаи номурод аст, ки мо сабаби маргашро аниқ кардан мехоҳем. Наздиктар рафта одоби салом ба ҷо овардем ва худро шинос карда, мақсади сафарамонро ифшо намудем. Яке аз мардон, ки тақрибан  55-60- сола менамуд, сар ҷунбонда гуфт:

-Овозаҳо атрофи марги Абдусалом зиёд аст, яке мегӯяд, ки ӯро дев задааст, дигарӣ арӯсашро дар марги ин бачаи аз сад  гулаш як гулаш ношукуфта гунаҳкор мекунад, сеюмӣ мегӯяд, ки худкушӣ кардааст. Марги ин шаҳбача ҳамаро ба таҳлука андохт, дар деҳа дев пайдо шудааст гуфта, одамон шабҳо хоби бароҳат надоранд. Шахсан ман аз рӯзе, ки ҳамин гапро шунидам, шабҳо танҳо ба берун намебароям. Метарсам, ки мабодо маро ҳам дев ё ҷин назанад…

-Ман шунидам, ки дар пушти сараш захми табар будааст. Дев одамро бо табар намезанад-ку!-Ба суҳбат ҳамроҳ шуд марди дигар, ки нисбатан ҷавонтар буд.

Ба ин баҳси бесарунӯг хотима гузошта, аз яке аз ронандагон хоҳиш намудем, ки моро ба хонаи марҳум барад.

Намедонам, намедонам…

Дар саҳни ҳавлӣ чанд зани рӯймолсафедро дида, садо баланд кардем ва иҷозати вуруд пурсида ба хона даромадем. Вақте худро муаррифӣ намуда модари марҳумро пурсон шудем, занҳо маънидорона ба ҳамдигар нигаристанд ва “шумо даромада шинед, ҳозир меояд” гӯён, моро ба меҳмонхона дароварданд. Аз байн беш аз ним соат гузашта бошад ҳам, аз модари шаҳбачаи ормонӣ дарак нашуд, танҳо холаҳояш ба наздамон даромада мебаромаданду халос. Аз интизории тӯлонӣ дилгир шуда, аз яке аз холаҳои марҳум хоҳиш намудем, ки апаашро ҷеғ занад, чунки мо бояд суҳбатамонро бо пайвандони марҳум зудтар сабт намуда, ба шаҳр баргардем. Зан забон хоида гуфт:

-Аз рӯзе, ки ҳамин мусибат ба сарашон омад, ҳоли апаам хуб нест. Фишори хунаш тез-тез баланд шуда, дилаш мезанад. Ба хотири он ки шумо аз роҳи дур омадаед, ҳозир ман ӯро ба наздатон меорам….

Пас аз чанд лаҳза модари ғамзадаро аз китфонаш дошта ба хона дароварданд. Аз рӯйи таомул мо ин модари ғамзадаро тасаллӣ дода гуфтем:

-Холаҷон ҳамдардии мо ва аҳли қалами “Оила”-ро  қабул намоед. Мегуфтед, ки ин ҳодиса кай ва чӣ хел рӯй дод?

-…Намедонам.

Ҳамчун модар шумо сабаби сар задани ин ҳодисаи нохушро дар чӣ мебинед?

-…Намедонам.

-Писаратон чандсола буд?

-…(хомӯшӣ).

Ҳарчанд кӯшиш намудем, ба ҷуз “намедонам” аз забони ин зан дигар ҳарфе берун наомад. Бо гумони он ки шояд модар ҳанӯз дар ҳолати садамаи руҳӣ қарор дорад, дигар ӯро азият додан нахостем.  

 Аммаи марҳум:

Абдусаломро сиёҳӣ зер мекард

Хоҳаронаш ба таги сараш болишт гузошта, ин модари ғамбеморро дар рӯйи кӯрпача хобонданд ва ба рӯяш кӯрпаи гарм пӯшонданд. Соҳибхона рӯяшро ҷониби девор гардонида хобид. Холаҳои марҳум бо баҳонаи баровардани косаю табақҳои чиркин аз дар даромаданд. Аз фурсат истифода бурда, аз аммаи марҳум, ки ҳамроҳамон дар сари дастурхон менишаст, пурсидем:

-Шумо дар ҳамин деҳа зиндагӣ мекунед?

-Бале, дар як ҳавлӣ ҳастем. Ман фарзандонамро дар ҳамин хона калон карда ба воя расонидаам.

-Ба мо гуфтанд, ки ҳозир касе омада сабаби ҳодисаро шарҳ медиҳад, вале аз омаданамон қариб ду соат гузашту аз ӯ дарак нашуд. Кай омаданаш маълум нест?

Ҳамон одаме, ки бояд ба шумо ҳамаашро мефаҳмонд, ба шаҳри Душанбе рафта буд, то ҳол барнагаштааст. Як ҷияни дигарам бемор аст, ҳамонро хабаргирӣ рафта буд. Кай омаданашро намедонам. Шумо дар бораи раҳматӣ фаҳмидан мехоҳед?

-Бале, мо бо ҳамин мақсад чунин роҳи дарозро тай карда ба хонаи шумо омадем.

Ҷиянам касалии руҳӣ доштааст. Як рӯз дар ҳамин ҷо нишаста будем, ки (ҳамсуҳбатамон ишора ба кунҷи хона кард) якбора аҳволаш бад шуда, нафасаш тангӣ кард. Пурсидам, ки Абдусалом ба ту чӣ шуд. Бо рангу рӯйи парида “маро сиёҳӣ зер кард” гуфт. Як ҳафта пеш аз маргаш ҳам ӯро касал  гирифта буд.

-Рост аст, ки Абдусаломро дар таги чодар ҷин задааст?

Не, ин ҳодиса 37 рӯз баъди тӯй рӯй дод. Раҳматӣ 22- сола буд ва ҳамроҳи падараш дар Русия кор мекард. Ҳамин сол падару модараш орзую ҳавасҳояшонро шикастанӣ шуда, рӯзи 20-уми ноябр Абдусаломро зан дода, келин фароварданд, вале ҳанӯз чиллаи домодиаш набаромада, рӯзи 27-уми декабр ҷиянаки шаҳбачаам ҷавонмарг шуд…

-Мегӯянд, ки хешу табори арӯс ба Абдусалом қасд доштаанд ва ба хотири интиқом гирифтан ӯро зада куштаанд…?

-Ин гап дурӯғ аст. Онҳо домоду арӯси нав буданд ва ширинтарин рӯзҳои умрашонро аз сар мегузаронданд. Худатон фикр кунед, охир дар 37 рӯз байни шаҳу арӯс чӣ гап гузашта метавонад, ки боиси кинаю адоват ва қасдгирӣ шавад. Муносибати ҷиянам бо арӯсаш хуб буд, вале тақдири талх онҳоро аз ҳамдигар ҷудо кард.

Ҷасадро аз куҷо пайдо карданд?

Падараш сари субҳ ба ҳамом таҳораткунӣ даромада мебинад, ки Абдусалом дар рӯйи фарши бетонӣ мурда хобидааст. Фиғонаш ба фалак печида, ҳама аҳли оиларо аз ин мусибат огоҳ намуд.

Ҳамсари Абдусалом куҷост? Мо мехоҳем бо ӯ суҳбат намоем.

Келин ба хонаи очааш рафт…

Рӯз қариб бегоҳ шуда буд, аз ҳамин хотир мо бо аҳли ин оилаи камгап хайрухӯш намуда, роҳи пойтахтро пеш гирифтем, вале саволҳои беҷавоб оиди марги пурасрори ин шаҳбачаи ормонӣ ҳанӯз хеле зиёд буданд. Пайвандони марҳум вақти хайрухӯш рақами телефони падари Абдусаломро ба мо дода гуфтанд, ки вай ду-се рӯз дар шаҳр мемондаасту метавонем занг зада, ҳамроҳаш суҳбат намоем.

Падари марҳум:

Дунёро чаппа мекардам, агар…

Рӯзи дигар мо ба падари Абдусаломи ҷавонмарг Саидумар Тошев занг зада, ӯро ба идораи ҳафтанома даъват намудем. Ба серкориаш нигоҳ накарда, ин марди дилаш кулбори ғаму дард ба идораи «Оила» омад.

-Яке аз пайвандонатон ҳангоми суҳбат ба мо гуфт, ки Абдусалом касалии рӯҳӣ дошт ва як ҳафта пеш аз маргаш низ дардаш хурӯҷ намуда буд. Ин гап рост аст?

-Бале, як ҳафта пеш аз ҳодисаи нохуш ману ҳамсарам ба ноҳияи Колхозобод ба тӯй рафта будем. Дар бозгашт ба хонаамон тақрибан як километр роҳ монда буд, ки ба ман занг зада хабари бемор шудани Абдусаломро расониданд. Суръати ҳаракатро тез карда, ба зудӣ ба хона расидем. Дар ҳақиқат фарзандам бемор шуда, ҳама аҳли оила дар болои сараш нишаста буданд. Пурсидам, ки бачам ба ту чӣ шуд, чашмонашро базӯр кушода гуфт, ки гулӯяшро як чизи сиёҳи бадҳайбат зер карда, ӯро куштанӣ шудааст. Мулло оварда, дуохонӣ кардем, вале…

-Писаратон аз хурдӣ бемор будааст. Мегӯянд, ки чунин касалиҳо дар таги чодари арӯсӣ авҷ мегиранд. Шумо инро дидаву дониста писаратонро хонадор намудед?

-Абдусалом бемор бошад ҳам, бо пойи худаш мегашт ва ақлу ҳушаш дар ҷояш буд. Зоҳиран сип-сиҳат менамуд. Варзишгар буд, мисли дигар ҳамсолонаш футболбозӣ мекард. Ҳар сол ман ӯро ҳамроҳам ба Русия мебурдам. Якҷоя кор карда, оиларо таъмин менамудем. Дардаш гоҳ-гоҳ хурӯҷ мекард, аз ҳамин сабаб гумон кардем, ки агар сарашро зудтар ҷуфт  кунем, шояд оҳиста-оҳиста касалиаш пурра гум шуда меравад.

-Ҷасади писаратонро худи шумо пайдо кардаед. Дар баданаш ягон осори зарбу лат набуд?

-Ҳамон шабе, ки ин ҳодиса рӯй дод, аз намози хуфтан баргашта, ман аз модараш пурсидам, ки барои чӣ имрӯз Абдусалом ба масҷид нарафт, мабодо бемор нашуда бошад. Ҳамсарам гуфт, ки ҳолаш бад нест, нав хӯрокашро хӯрда ҳамроҳи арӯсаш ба хонаи худашон даромаданд. Ман дилпур шуда ба хонаи ҷиянам рафтам ва то нисфи шаб бо онҳо чақ-чақ карда нишастам. Баъди хомӯш шудани барқ ба хона баргашта боз аз занам пурсидам, ки шаҳу арӯс чӣ хеланд? “Шукр хубанд, ба фикрам аллакай хоби чандумашонро дида истодаанд”,- гуфт. “Майлаш, ин тавр бошад, ман онҳоро ташвиш намедиҳам”,- гуфта, ба ҷогаҳи хобам даромадам. Субҳ барои адои намоз тақрибан соатҳои шаш ба ҳамом даромада дидам, ки писарам дар рӯйи фарши сементӣ хоб аст. Саросема ӯро  ба оғӯш гирифта набзашро санҷидам. Баданаш ҳанӯз гарм бошад ҳам, ҷонаш аллакай баромада буд.

-Мегӯянд, ки писаратонро бо нияти интиқом гирифтан куштаанд…?

-Ман ягон душман надорам, писарам ҳам бачаи беозор буд. Ба ягон кас зарар нарасонидааст, ки аз ӯ интиқом бигиранд. Тақдиру насибаш ҳамин будааст. Худованд аз рӯзи азал дар пешонааш навишта будааст, ки дар ҳамом афтида мемирӣ. Мо пеши тақдири илоҳӣ бечораем…

-Дар баданаш ягон доғ, захм ё осори зарбу лат набуд?

-Вақти афтидан сараш ба семент зада, пешонӣ ва як бари рӯяш андаке харош ёфтааст, дигар ягон ҷойи баданаш сиёҳу кабуд набуд.

-Мегӯянд, ки Абдусаломро дев ё ҷин задааст, вале бовар кардан ба ин гап душвор аст. Шумо чӣ андеша доред?

-Ба ҳамоме, ки аксашро шумо гирифтаед, агар диққат дода бошед, он ҷо як бухорӣ (печка) ҳаст ва дар болояш зарфи пуроби барқӣ меистад. Ман гумон мекунам, ки шояд вақти оббозӣ кардан писарам бо дасти тар онро қапида, ӯро барқ зада бошад. Дилам қарор нагирифта, ҳамон рӯзи сар задани ин ҳодисаи нохуш мутахассисони барқро (электрик) ба хона даъват кардам, то муайян кунанд, ки дар ҳақиқат ҳамин зарфи обдори барқӣ мезанад ё не. Онҳо гуфтанд, ки бале, қувваи барқ мезанад, вале ман чанд маротиба даст кардам, маро барқ назад. Ҳамин тавр сабаби марги писарам барои ман муаммои сарбаста монд, шояд дардаш дар ҳамом хурӯҷ карда, афтида бошад…

-Овозаҳо дар бораи марги Абдусалом бисёранд, яке мегӯяд, ки ӯро бо табар зада куштаанд, дигарӣ занашро задааст, барои ҳамин хешу табори арӯс интиқом гирифтаанд мегӯянд…?

-Ин овозаҳо ба гӯши мо ҳам мерасад, агар писари ман кушта мешуд, қотил додари худам бошад ҳам, гуноҳашро ҳеҷ гоҳ намебахшидам.  Дунёро чапа мекардам, агар писарамро табаркуш мекарданд, вале ӯро касе накуштааст. Абдусаломи номуроди мо дар ҳамом афтида, ҷон ба ҷонофарин супоридааст. Арӯсаш ба марги ӯ ягон алоқа надорад. Келинам бегона нест, модараш апаам мешавад. Вай барои ман мисли модар аст. Намедонам одамоне, ки “хешу табори арӯсаш ба хотири қасос гирифтан ин корро ташкил кардаанд” гуфта, чунин овозаҳои гӯшхарошро паҳн мекунанд, чӣ мақсад доранд.

-Шумо ҳамчун падари фарзандгумкарда барои аз байн бурдани чунин овозаҳои гӯшхарош дар бораи марги писаратон чӣ гуфтанӣ ҳастед?

-Медонам, ки то қиёмат кӯшиш кунам ҳам, пеши роҳи овозаҳоро гирифта наметавонам, чунки дарвозаҳои шаҳрро баста мешаваду даҳони марҳумро не, вале бори дигар мегӯям, ки писари маро касе бо табар зада накуштааст. Адбусалом дар ҳамом афтида мурд. Мо аз касе домангир нестем. Тақдиру насиби писарамон ҳамин будааст…

 Маҳинаи Давлат

Душанбе-Хатлон-Душанбе

 

Р/С

Мо аз пайвандони марҳум хоҳиш намудем, ки ақаллан як дона расми Абдусаломи номуродро диҳанд, вале дар ҷавоб гуфтанд, ки мо аллакай тамоми суратҳои раҳматиро оташ задем, то рӯҳаш дар он дунё азоб накашад. Аҳли ин оила аз додани аксҳои худ низ саркашӣ намуданд, аз ҳамин хотир мо натавонистем суханони онҳоро бо аксҳояшон манзури шумо хонандагони азиз гардонем.

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *