Занро раъду барқ заду мурд

Як зани осиёиро дар соҳили баҳр, дар шаҳри бразилиягии Сан-Паула ҳангоми аз нурҳои гарми офтоб ҳаловат бурданаш баногаҳ барқ задааст.
Он рӯз ҳаво соф буд, вале баъд якбора дар осмон абрҳои сиёҳ пайдо шуданд ва каме дертар раъду барқ ба ғурридан даромад. Ҷавонзан кӯшиши ба ҷои бехавф гурехтанро карда бошад ҳам, аз ин офати табиӣ паноҳ бурда натавонист. Раъду барқ ӯро аз по афтонд. Ҷабрдидаро дар ҳолати беҳушӣ ба беморхона бурданд. Ташхис нишон дод, ки бар асари задани раъду барқ зан ба сактаи дил гирифтор шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *