Домулло Нӯъмонхон дастгир шуд

Домулло Нӯъмонхон Отаев – имом-хатиби собиқи масҷиди ҷомеи Муҳаммад Иқболи шаҳри Истаравшан дастгир шудааст.

Ба гуфтаи наздиконаш, мақомоти амниятӣ ҳангоми кофтукоб аз хонаи Домулло Нӯъмонхон беш аз 300 китоби мазҳабиву адабиро мусодира кардаанд.

Бино ба хабарҳо, Домулло Нӯъмонхон – имом-хатиби собиқи масҷиди ҷомеи Муҳаммад Иқбол дар шаҳри Истаравшан ҳанӯз рӯзи 7 август боздошт шудааст.

Домулло Нӯъмонхон Файзуллозода, сархатиби собиқи масҷиди ҷомеи Муҳаммад Иқбол, яке аз уламои маъруфи Истаравшан аст. Ӯ писари руҳонии маъруф марҳум Эшони Файзуллохон ва амакзодаи Домулло Ҳамзахон Аъзамзода, сархатиби масҷиди Мавлоно Усмони Чархӣ аст. Домулло Ҳамзахон як сол пеш дар синни 46-солагӣ аз дунё чашм пӯшид. Домулло Нӯъмонхон дар шимоли Тоҷикистон бо суханрониҳо ва хутбаҳояш маъруф аст.Дар ин авохир боздошти рӯҳониён, аз ҷумла имом-хатибон бо ҷурми пайравӣ ба ҷараёнҳои тундраву мамнӯи мазҳабӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар вилояти Суғд афзудааст. Ба гуфтаи мақомоти расмӣ, дар соли 2016 дар вилояти Суғд ҳудуди 20 имом-хатиб бо ҷурми пайравӣ ба созмони мазҳабии «Ихвон-ул-муслимин” маҳкум ба зиндон шуданд. Ҳамин тавр, даҳҳо нафари дигар дар ин вилоят барои пайравӣ ба созмонҳои дигари мамнӯи мазҳабӣ, ба мисли Салафия, Ҳизб-ут- Таҳрир, Ҷамоати Ансоруллоҳ ва амсоли ин ҳукми зиндон гирифтаанд.Вале Домулло Нӯъмонхон аз шогирдони мактаби фиқҳии Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ, яке аз рӯҳониёни маъруфи Тоҷикистон ба шумор меравад ва бо гурӯҳҳои исломӣ, аз ҷумла ҳизби наҳзати исломӣ ё ҷараёнҳои дигари мазҳабӣ иртибот надошт. Ба ин далел, бисёриҳо аз боздошт ва ба Хуҷанд бурдани ин рӯҳонии суннатгаро изҳори ҳайрат мекунанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *