Донетску Луганск ба Русия пайвастанд
Раъйдиҳӣ дар ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганск, ки аз 23 то 27-уми сентябр идома дошт, ҷамъбаст гардида, ҳамаи 100%-и варақаҳо ҳисоб карда шуданд.
“Сокинони Донетску Луганск ва вилоятҳои Запорожею Херсон барои пайвастан ба Русия овоз доданд”,- хабар медиҳад РИА “Новости”.
— Дар Донетск ин иқдомро 99,23%, дар Луганск 98,42%, дар вилояти Запороже 93,11% ва дар вилояти Херсон 87,05% тарафдорӣ карданд,- хабар дод манбаъ.
Таъкид шудааст, ки ин маълумот баъди коркарди 100 дарсади варақаҳои овоздиҳӣ ироа гардид. Зикр гардидааст, ки дар рафти раъйпурсӣ ягон қонуншикании дағал ва ё эроде ба қайд гирифта нашудааст. Аз натиҷаи ин ҳамапурсӣ интизор меравад, ки 28-уми сентябр роҳбарони ҷумҳурию вилоятҳои зикршуда барои пайвастан ба Русия ба раисҷумҳур Владимир Путин муроҷиат намоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ