14 голи беҷавоби «Ҳосилот» ба дарвозаи «Ваҳдат»

Даври 18-уми чемпионати футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи якум ғайри чанд бозии ягон тағйироте дар мавқеҳои дастаҳо ба вуҷуд наовард, вале бозиҳои диданӣ дошт.

Серголтарин бозии давр — ин рақобати дастаҳои “Ҳосилот” ва “Ваҳдат” буд, ки бо ҳисоби (14:0) бар нафъи дастаи ноҳияи Фархор анҷом ёфт. Ҳамчунин, дастаи “Барқчӣ” дар майдони худ ба дарвозаи дастаи “Гулистон” панҷ голи беҷавоб зад. Дар ҷадвали мусобиқа баъди даври 18-ум ягон тағйирот ба вуҷуд наомадааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки аксарияти дастаҳо чанд бозии мавқуфмонда доранд.

Дастаи “Куктош” феълан бо 45 имтиёз дар садри ҷадвал аст ва дастаи “Ҳосилот” низ дар ин сабқат имкони гирифтани роҳхати Лигаи олиро барои худ таъмин сохтааст, ки онҳо бо 44 имтиёз дар мавқеи дуюми ҷадвал қарор гирифтаанд.

Бозиҳои дигари даври 18-уми чемпионати футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи якум ба таври зайл сурат гирифтанд: Гулистон — Барқчӣ — 0:5, Сарҳадчӣ — Ҳулбук — 2:3, Куктош — Панҷшер — 1:0, Душанбе — Динамо — 0:4, Ваҳдат — Ҳосилот — 0:14, Моҳир — Саройкамар — 1:2.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *