Донишҷӯёни коргар.Ҷозибаи пул ба дарсҳояшон чӣ таъсир мерасонад?

Дар нақлиёти ҷамъиятӣ мерафтам, ки ҷавони дар паҳлуямбударо қариб хоб мебурду баъди муддате ҳушёр шуд ва узр пурсиду иброз намуд, ки чун шабҳо кор мекунад, гоҳе рӯзона хоб ғалаба мекунад.

Пас аз суҳбати кӯтоҳе маълум шуд, ки ӯ донишҷӯ будаасту дар як клуб-тарабхонаи шабонае ба ҳайси пешхизмат кор мекардааст.

-Маоши хуб мегирам, зеро ба тарабхонае, ки кор мекунам, асосан шахсони пулдор мераванд. Аммо гоҳе ба дарс ва реҷаи хобам таъсир мерасонад, -иброз намуд ӯ.

Пас аз ин дар зеҳнам иншои маводе оид ба донишҷӯёни коргар пайдо шуд. Зеро ҳоло қисми муайяни донишҷӯёни мо дар самтҳои гуногун кор мекунанд. Ба хотири бештар огаҳӣ пайдо кардан доир ба ин масъала бо чанде аз онҳо ҳамсуҳбат шудам.

Ба андешаи равоншиносон, агар донишҷӯ дар бахши рӯзона таҳсил намояд, беҳтар аст, ки пурра фикру зикри худро ба таълиму илмомӯзӣ равона созад. Аммо аз тарафи дигар, муҳим он аст, ки чӣ тавр вақти худро барномарезӣ ва то кадом андоза масъулиятро  эҳсос мекунад.

— Аз нуктаи назари психологӣ намуди таҳсили донишҷӯён рӯзона бошад, бояд донишҳои касбию назариявиро дар муассисаи таълимӣ  гирад. Вақте кор мекунанд, системаи асаб хаста мешавад ва на дар ҳама вақт супоришҳои омӯзгоронро иҷро менамояд. Яъне, организми худро мо агар якбора ҳам ба таълиму қабули дониши нав ва ҳам ба меҳнати ҷисмонӣ омода кунем, организм бояд аз ҳар ҷиҳат коршоям бошад. Пул, сарват, мол ҷозибаи сахт дорад ва метавонад ба таҳсилу дониш ғолиб ояду майл ба тарафи дигар равад, — мегӯяд равоншинос М. Давлатов.

Дар суҳбати донишҷӯёни коргар

Қиёмиддин Музаффаров:

-Се сол аст, ки дар пойтахт таҳсил мекунам ва давоми ин муддат кам ҳолатҳое шудааст, ки аз хонавода ёрие пурсида бошам. Зеро дӯст медорам, ки мустақилиятро зудтар омӯзам. Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ таҳсил мекунам ва айни замон аз рӯи ихтисоси худ дар мактаби миёна дарс медиҳам.Барои донишҷӯёни омӯзгор маош, албатта, ба пуррагӣ пардохт намешавад, вале ба ҳар сурат ин ҳам таҷрибаи хуб мешавад ва ҳам барои пешбурди зиндагии донишҷӯӣ кумак мерасонад. Инчунин, дар яке аз осорхонаҳо ба ҳайси посбон кор мекунам. Ҳам маош мегирам ва ҳам аз иҷорапулӣ озодам. Инчунин, чун дар ин осорхона оид ба ҳаёти бузургон маводи фаровоне мавҷуд мебошад, қисми зиёди онҳоро омӯхта, донишу ҷаҳонбинии худро васеъ намудам.

Хуршедҷон Холов:

-Ман дар нонвойхона кор мекунам. Ҳар рӯз панҷ линча ордро хамир намуда, тахминан 1,5-2 ҳазор дона нон мепазем. Ҳар рӯз ба дарс низ меравам.  Дар шаҳр зиндагӣ мекунем ва падару модарам низ қаноатманд ҳастанд, ки ман кор карда, ба хонавода ёрие мерасонам ва ё лоақл хараҷоти худро рӯйпӯш мекунам. Ҳамзамон, вақт ёфта, ба толори варзишӣ меравам. Умуман, агар донишҷӯ кор кунад, ин хуб аст. Зеро ҳар рӯз мунтазири роҳкиро ва ё пуле аз аҳли хонавода нашуда, мустақилиятро зудтар ёд мегирем.  Инчунин, дар байни ҳамсолонамон боиси ифтихор аст, ки вақте мегӯем, ки кор мекунем ва ё аз кор омада истодаем, на аз кӯчаю беҳудагардӣ.

Юсуп Девранов:

-Ман донишҷӯи хориҷӣ хастам ва се сол боз дар Душанбе таҳсил мекунам. Фориғ аз дарсҳо дар як дӯконе кор мекунам, ки ба фурӯши хӯрокҳои тез-тайёр, аз қабили пирожки ва хот-догҳо машғул аст. Моҳонаи ман 900 сомонӣ аст, аз ин 250 сомонияш барои иҷора сарф мешавад. Донишҷӯёне ҳастанд, ки пурра аз ҳисоби падару модар зиндагӣ мекунанд ва ҷое кор намекунанд. Албатта, волидони ман низ метавонанд ба ман ҳар моҳ пул фиристанд, аммо худам хостам, ки зиндагии худро таъмин намоям.

Кумуш Гулмурадова:

-Ман аз Туркманистон барои таҳсил ба Тоҷикистон омадаам. Албатта, дар кишвари бегона таҳсилу зиндагӣ чандон осон нест. Ҳоло дар як самбӯсахона ба ҳайси фаррош кор мекунам. Худам маблағи таҳсил ва иҷораамро бидуни ёрии хонавода кӯшиш мекунам, ки пайдо намоям. Хусусан, дар замони СOVID-19 вазъият дар ҳама ҷо бад шуд. Имсол мо натавонистем аз сабаби баста будани сарҳадҳо ба хона, ба аёдати аҳли оилаи худ равем, ба кор машғул шуда, тобистонро низ сипарӣ намудем. Албатта, ҳам таҳсил ва ҳам кор осон нест, зеро зиёд хаста мешавам. Аммо кӯшиш менамоям, ки ҳам кор кунам ва ҳам таҳсилро идома диҳам.

Насрулло ТУЙЧИЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *