Шарофиддин Имомов собиқ сафири Тоҷикистон дар Афғонистон даргузашт

Дипломати тоҷик, Шарофиддин Имом, сафири пешини Тоҷикистон дар Афғонистон имрӯз дар сини 65-солагӣ дар Душанбе даргузашт. Маросими намози ҷанозаи марҳум соати 16:00-и имрӯз дар масҷиди маҳаллаи 65 баргузор мешавад.

Шарофиддин Имом аз октябри соли 2008 то сентябри соли 2020 сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии исломии Афғонистон буд. Ӯ ҳамчунин, ҳамчунин яке аз донишмандони саршиноси кишвар буд, ки то хидмати длипломатӣ устоди риштаи робитаҳои байналмиллаӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд.

Номбурда аз август то декабри 2003 мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ва аз поёни соли 2003 то соли 2008 мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар умури сиёсати хориҷӣ буд.

МАЪЛУМОТНОМА:

Шарофиддин Имом Зуҳуриддинзода, соли 1956 дар деҳаи Файзобод, ноҳияи Мирсайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон таваллуд шуда буд. Шарқшинос, коршиноси равобити байналмилал, доктори илмҳои таърих ва профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд.

Соли 1978 факултаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда буд ва ба унвони муҳаққи-коромӯзи шъъбаи Эрону Афғонистони Институти шарқшиносии АИ ҶШС Тоҷикистон, аспиранти Институти шарқшиносии АИ Шӯравӣ ходими илмии Институти шарқшиносии АИ Тоҷикистон, тарҷумони шӯравӣ дар Афғонистон, устод ва мудири кафедраи равобити байналмилали ДМТ буд.

Муаллифи чанд рисола, дастури таълимӣ ва тақрибан 100 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ буд. Самти асосии таҳқиқоти эшон омӯзиши таърихи афкори ҷамъиятии Афғонистон нимаи дуввуми ХIХ-нимаи якуми асри ХХ; таҳқиқи сарнавишти таърихии тоҷикони Афғонистон; омӯзиши масъалаҳои таърихи муосири Тоҷикистон.

Шарофуддин Имом дар таҳия ва нашри осори мутафаккирони Шарқ (Муҳаммад Ғаззолӣ, Ҷамолуддини Афғонӣ, Муҳаммад Иқбол, Алии Шариатӣ) ва «Силсилаи осори исломӣ» саҳм дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *