Донишҷўёни тиллоӣ: Писарон зиёду духтарон кам маблағ сарф мекунанд. Чаро?
Донишҷӯёни тоҷик барои зиндагӣ ва иқомат дар шаҳри Душанбе дар як моҳ аз 300 то 1000 сомонӣ маблағ сарф мекунанд. Хароҷоти ҷавонписарони донишҷӯ аз ҷавондухтарон зиёдтар аст. Ин рақамро як назарпурсии мо нишон дод.
Донишҷӯиро даврони тиллоӣ мегӯянд ва воқеан ҳамин тавр ҳам ҳаст, зеро маҳз дар ҳамин марҳилаи умр инсон худашро месозад ва барои ояндаи хеш замина мегузорад. Тавре назарпурсии мо нишон дод, даврони тиллоии умр хеле гаронарзиш ҳам ҳаст.
Бо мақсади фаҳмидани он ки як донишҷӯ дар як моҳ чӣ қадар маблағ сарф мекунад, мо бо саволи “Шумо дар як моҳ чанд сомонӣ ва барои чӣ сарф мекунед?” ба донишҷӯёни пойтахт муроҷиат кардем.
Мирзо РОЗИҚОВ,
донишҷӯ, зодаи шаҳри Хуҷанд
Дар донишгоҳ шартномавӣ таҳсил мекунам. Дар як моҳ хароҷоти ман бештар аз 1000 сомонӣ аст. Дар як моҳ фақат барои истифодабарии интернет 100 сомонӣ масраф мекунам. Боқӣ, барои роҳкиро ва хароҷоти рӯзмарра.
Муслима ГУЛОВА,
донишҷӯ, зодаи ноҳияи Хуросон
Ман донишҷӯи курси 4-ум ҳастам. Аз сабаби он ки дар хобгоҳ зиндагӣ мекунам, хароҷотам камтар аст. Солона 700 сомонӣ пули хобгоҳро месупорам, бинобар ин, аз ташвиши иҷорахонаву иҷорапулӣ озод ҳастам. Ҳар ҳафта рӯзҳои истироҳат ба хона меравам. Дар донишгоҳ бо баҳои аъло таҳсил мекунам, ҳар моҳ 235 сомонӣ стипендия мегирам. Ҳозир ки мавсими сармо аст, хароҷоти ман ин моҳ зиёд гардид ва ман бештар аз 700 сомонӣ маблағ сарф кардам. Қаблан дар як моҳ 500 сомонӣ сарф мекардам.
Саҳоба ШАРИПОВА,
донишҷӯ, зодаи шаҳри Душанбе
Ман дар хонаи худамон зиндагӣ мекунам. Ҳар моҳ барои роҳкиро 300 сомонӣ маблағ сарф мекунам. Барои хӯроки нисфирӯзӣ ва дигар хароҷотҳо волидонам ба ман алоҳида маблағ медиҳанд.
Мадина ХӮҶАМОВА,
донишҷӯ, зодаи шаҳри Панҷакент
Ман дар хонаи холаам зиндагӣ мекунам. Дар донишгоҳ бошад, ройгон таҳсил мекунам. Хароҷоти ман дар як моҳ то 300 сомонӣ аст. Зеро ман, аз харҷи роҳкиро озодам, чунки ҷои истиқоматам дар наздикии донишгоҳ аст. Дар хона хӯрок мехӯрам ва барои хариди либосам волидонам ҷудо маблағ мефиристанд.
Аз назарпурсии мо маълум шуд, ки бо омадани фасли сармо ва гарон шудани нархи маҳсулот дар бозорҳо хароҷоти онҳо низ бамаротиб афзудааст.
Ин дар ҳолест, ки аксарияти донишҷӯён аз деҳаҳо ба пойтахт меоянд ва волидайнашон дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд. Бо сабаби хурӯҷи коронавирус шароити кори муҳоҷирон низ, чун пештара хуб нест.
Таҳияи
Уғулой ҚУТБИДДИНЗОДА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ