Таркиш дар Рӯдакӣ

Таркиш дар Рӯдакӣ Бар асари таркиши балони газ дар ноҳияи Рӯдакӣ як нафар ҷони худро аз даст додааст. Масъулони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ҳодиса бегоҳи 5-уми декабр дар манзили шаҳрванд Алиқул Ҳасанов дар ҷамоати Чортеппа рух дод. «Дар ин ҳодиса Бобомурод Ҳаитови 46-сола ҷон бохта, Алиқул Ҳасанов дар бемористон бистарӣ карда шудааст», — гуфтанд дар Вазорати умури дохилӣ. Ба иттилои расмӣ, «барои бартараф кардани пайомадҳои таркиш аз балони газ мутахассисон дар ҷойи ҳодиса фаъолият доранд.» Солҳои ахир борҳо аз таркиши зарфи газ дар хонаҳои мардум дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ва фавту осеб дидани сокинон гузориш шудааст. Аз ҷумла, моҳи августи соли гузашта дар деҳаи Хумдони ҷамоати деҳоти Қизилқалъаи ноҳияи Хуросон дар натиҷаи кафидани балони газ як зани 22-сола сӯхт. Дар Душанбе чаҳор сол боз истифода аз зарфи газ дар манзили сокинон мамнуъ шудааст. Сокинони шаҳри Душанбе мегӯянд, Хадамоти оташнишонӣ онҳоро барои истифодаи зарфҳои газӣ дар хонаҳои баландошёна ҷарима мекунад. Масъулони Хадамот мегӯянд, барои пешгирӣ аз сӯхтор истифодаи зарфҳои газӣ мамнӯъ шудааст.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *