Донишҷӯӣ? Аскарӣ рав!

Чанд нафар аз донишҷӯёни хатмкунанда аз он шикоят мекунанд, ки онҳоро иҷборан ба Артиш мефиристанд. Пайвандони донишҷӯён аз вилояти Суғд гуфтанд, масъулини донишгоҳҳо фарзандонашонро водор бар он мекунанд, ки пеш аз муҳлат имтиҳонҳояшонро супорида, ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ бипайванданд.

Дилрабо Самадова, раиси созмони “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» гуфтааст, кормандони мақомот ба баъзе аз донишҷӯён фишор овардаанд, ки дар сурати саркашӣ аз навиштани ариза аз донишгоҳ ронда хоҳанд шуд.

«Рӯзҳои охир асосан донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд менависанду занг мезананд. Ба гуфтаи онҳо, донишҷӯёни соли чаҳорумро маҷбур доранд, ки ариза нависанд, то ба хидмат фиристода шаванд. Ин корро намояндагони алоҳидаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва комиссариатҳои ҳарбӣ мекунанд. Агар тасмим ихтиёрӣ ва бе фишор аст, мусбат аст, вале бо маҷбурӣ масъала ҳал намешавад»,- гуфтааст Самадова.

Вале аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон инро рад мекунанд. Аз дафтари матбуоти Вазорат ба Pressa.tj гуфтанд, ки то ба ҳол дар робита ба ин масъала ягон шикоят ё муроҷиат ба вазорат ворид нашудааст. “Донишҷӯён бо хоҳиши худ ба Артиш мераванд, касе онҳоро маҷбур намекунад”,- гуфтанд аз дафтари матбуоти вазорат.

Ба сафи Артиши миллӣ сафарбар кардани донишҷӯён имсол ба қавле мӯд шуд. Донишгоҳҳои кишвар ин маъракаро ба сабқат табдил доданд. Танҳо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 111 донишҷӯро ба хизмат фиристод.

Ин маъракаро донишгоҳҳо дар ҳоле роҳандозӣ карданд, ки Вазорати маориф ва илм ба донишгоҳҳо мактуб ирсол кардааст, то аз донишҷӯёне, ки бо хоҳиши худ ба Артиш рафтанӣ мешаванд, имтиҳонҳои ҳатмии пеш аз муҳлат гирифта, ба хизмат раванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *