Дар шумораи №18-и ҳафтаномаи “Оила” матолиби ҷолибро мутолиа намоед!

Таҳти рубрикаи “Овоза ва ҳақиқат” яке аз мухлисони доимии ҳафтанома бо суоли “Шаҳроми Абӯбакр тарки саҳна кард?” муроҷиат кардааст. Овозаи дигар таҳти унвони “Анисаи Азиз ҳоҷибибӣ шуд?” аз ҷониби мухлисони ин ҳунарманд ирсол гардидааст.

Қиссаи “Шавҳари алкаш!” сарнавишти зане аст, ки баъд аз дарду ранҷи зиёд билохира ба орзуҳои худ мерасад, вале боз ҳам дучори ноадолатиҳои тақдир мегардад.

Дар саҳифаи 4 тақвими вақтҳои намоз аз 4-ум то 31-уми майи соли 2022 ва чанд савол аз ҷониби хонандагон ва посухи мутахассисони маркази исломӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома мегардад.

“Арӯси фурӯхташуда” қиссаи духтарест, ки ба ҳирси пулу мол дода шуда, зани чоруми як марди сарватманду ҳамсоли падари худ мегардад.

 “Ҷамшуд бомж шуд” маводест дар бораи зиндагиву фаъолияти ҳунарии актёри рус Валерий Магдяша, ки барои тоҷикон ҳамчун Ҷамшуд аз шоу-барномаи “Наша Рussia” шинос аст.

Таҳти рубрикаи “Дарду дармон” дар маводи “Зан кал мешавад?” шумо метавонед ба саволҳои бешумори худ оид ба рехтани мӯйи сар ва роҳҳои пешгирӣ намудани ин падида маслиҳатҳои муфид пайдо намоед.

Зери рубрикаи “Асрори зебоӣ” маслиҳатҳои муфид оид ба нигоҳубини пӯсти рӯй ва тарзи омода намудани ниқобҳои мевагин дастур дода шудааст.

“Шавҳари гумном, духтари маъюб ва зиндагии сангини Фотима”. Чунин унвон дорад зиндагиномаи як зани бенаво, ки бо ду фарзандаш дар кӯча монда, бо чойфурӯшӣ рӯзи худро мегузаронанд.

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *