Донишҷӯ ду касро кушт
Саидкомрон Саидвоҳидов, хонандаи колеҷи ҳуқуқии шаҳри Тошканд бо айби ҳамла ба ду ҳамдарсаш боздошт шуд.
Яке аз зарардидаҳо дар ҷои ҳодиса кушта ва дувумӣ дар бемористон бистарӣ шуд. Саидвоҳидов, ки аз ҷои ҳодиса фирор карда буд, дар ҳамон рӯзи фоҷиа боздошт шуд. Вай ҳангоми боздошт талош кард, ки рагҳояшро бибурад.
«Баъди ҳамлаи бо корд ба ду ҳамдарсаш Саидкомрон дар манзили яке аз дӯстонаш паноҳ мебарад. Вай дар ҳоли сархушӣ ба ҳамдарсонаш корд задааст. Вақте пулис ӯро пайдо кард, аллакай дар ҳолати ҳушёрӣ қарор дошт. Вай аз кирдори кардааш ба даҳшат омада, талоши худкушӣ кардааст. Аммо ӯро наҷот доданд, дастонашро бо дока бастанд ва пулис ӯро боздошт кард», — нақл мекунад як шоҳиди ҳодиса.
Яке аз пайвандони Асадбек Парпибоев, хонандаи соли 3-уми колеҷи ҳуқуқии Тошканд, ки аз захмҳои корди Саидкомрон кушта шуд, гуфт, ташхиси тиббӣ маводи масткунандаро дар хуни айбдоршаванда пайдо накардааст.
Мақомоти тафтишотии шаҳри Тошканд аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ кушода, пажуҳиш мебаранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ