Толеъномаи 12 октябр 2017

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Кӯшиш намоед, ки мушкилоти ночиз ба мушкили ҷиддӣ мубаддал нагардад. Муносибати худро бо наздикон беҳтар гардонед, зуд оштӣ шаведу роҳи муросо ҷӯед. Аз робита бо нафарони хира дурӣ ҷӯед. Танҳо бо нафароне муошират намоед, ки табъатонро болида гардонад ва ба маслиҳати эшон гӯш андозед.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Дар ин рӯз маслиҳати шумо ба нафароне, ки аз шумо кӯмак мепурсад, саривақтиву муфид мегардад. Қадру қимати дӯстони деринро ҳамеша болотар нигоҳ доред. Барои амалӣ сохтани нақшаву ниятҳои дигарон худро азият надиҳед. Баъди нисфирӯзӣ аз бемории зуком эҳтиёт шавед.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Дар ин рӯз аз касе кӯмаку дастгирӣ напурсед, мустақилона аз уҳдаи ҳама кор баромада наметавонед. Аз сӯҳбату меҳрубонии шахси дӯстдоштаатон болидаруҳ мегардед. Барои беҳтар сохтани вазъи саломатӣ ба варзиш машғул шуданро тавсия медиҳем. Баъди нисфирӯзӣ хабари хуш мешунавед.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Нақшаву ниятҳоеро, ки дар касбу коратон ҷорӣ кардан мехоҳед, ба таъхир нагузоред. Вохӯрӣ бо дӯстону наздикон табъатонро болида мегардонад. Дар муносибатҳои ошиқонаатон аз шумо вобастагӣ дорад, ки минбаъд шумо ҳамроҳ мемонед ё ҷудо мешавед. Эҳтимол ғурури худро як тараф гузошта, ба дӯстдоштаи худ гузашт карданатон лозим меояд.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Дар ин рӯз бо атрофиён забон ёфтанатон душвор мешавад. Хусусан дар муносибатҳои ошиқона душворӣ сар мезанад. Бо нафароне дӯстӣ кунед, ки ба қадри некиҳоятон мерасида бошанд. Нафарони муҷаррад ба шарте бахти худро пайдо мекунанд, ки дағаливу қошу қавоқ накунанд.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Муносибати худро бо баъзе атрофиён дида баромаданатон лозим аст. Аз шиносоӣ бо намояндагони ҷинси муқобил дар ин рӯз худдорӣ намоед. Истеъмол кардани машрубот ва хӯроки гӯштинро тавсия намедиҳем. Дар ин рӯз хурӯҷ намудани бемориҳои меъда ва рӯда эҳтимол дорад.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Дар ин рӯз бо корҳое машғул шавед, ки дар амалӣ намуданашон аз кӯмаки нафаре истифода бурданатон лозим набошад, зеро баъзеҳо ба шумо хизмати хирсона мерасонанд. Душманон сабабгори рух додани муноқиша мегарданд ё рафтори беандеша гирифтори мушкилиҳо мегардонад.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Дар касбу кор ва муносибатҳои ошиқона барор ҳамсафари шумо мегардад. Чанд шиноси наву даркорӣ пайдо мекунед. Айни замон худро ба даст гирифта, ба дағаливу муноқиша роҳ надиҳед, вагарна аз муноқишаҳои ҷиддӣ халосӣ намеёбед. Саломатиятон аз чӣ гуна хӯрок хӯрдану истироҳати шумо вобастагӣ дорад.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Ягон воқеаи муҳим рух намедиҳад. Ба имкониятҳои нави пулкоркунӣ боэҳтиёт бошед. Муносибатҳои худро бо нафаре, ки бароятон азиз аст, бад насозед. Дар муносибатҳои ошиқона ҳодисаҳои хуш рух медиҳанд. Ба нафароне, ки ба машрубот дилгармӣ доранд, дар ин рӯз эҳтиёт шуданро тавсия медиҳем.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Дар ҷодаи муҳаббат дучори душвориҳо мегардед. Бо нафаре ки дӯсташ медоред, забон ёфтанатон душвор мегардад. Бо сабабҳои ночиз ҷангу ҷанҷол карда, асабатон хароб мегардад. Аз ҷангу муноқишаҳо дурӣ ҷустанро маслиҳат медиҳем.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Дар ин рӯз аз корҳои вазнини ҷисмонӣ худдорӣ намоеду ба асабоният низ дода нашавед. Аз муноқишаву ҷангу ҷанҷол дурӣ ҷӯед. Бештар истироҳат кунеду нафаронеро, ки дӯсташон медоред, эркаву азиз кунед. Саломатии худро эҳтиёт кунед.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Аз нафароне, ки ба доираи дӯстону наздикони шумо дохил намешаванд, туҳфа нагиред. Нафаре ба шумо туҳфа дода, шуморо мутеи худ сохтан мехоҳад. Бештар дар ҳавои тоза сайругашт намуда, аз робита бо нафароне, ки табъатонро хира мегардонанд, дурӣ ҷӯед. Эҳтимоли хурӯҷ намудани бемориҳои гурда дар назар аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *