Донишҷӯёни хориҷӣ кадом донишгоҳи Тоҷикистонро бештар интихоб намуданд?
Тибқи иттилои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2018-2019 дар муассисаҳои олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6257 донишҷӯ аз хориҷи кишвар ба таҳсил фаро гирифта шуданд, ки дар муқоиса ба соли гузашта 2401 нафар зиёд мебошанд.

Яке аз омилҳои афзудани шумораи донишҷӯёни хориҷӣ ба ақидаи коршиносон ин, пеш аз ҳама, аз беҳтар шудани муносибат бо ҳамсоякишварамон – Ӯзбекистон мебошад. Арзонтар будани арзиши шартномаи таҳсил ҷавонони ин кишвари ҳамсояро ба донишгоҳҳои ҷумҳурии мо овардааст. Дар навбати худ, ҳар донишгоҳу донишкадаҳое, ки маъракаи муаррифии худро дар ин кишвар беҳтар анҷом доданд, ба ҷалби бештари довталабон ба муассисаи худ муваффақ гардиданд. Ба ҷуз Ӯзбекистон Туркманистон низ яке аз кишварҳое мебошад, ки шаҳрвандони зиёди он ҳамасола ба хотири таҳсил ба давлати мо меоянд. Инчунин, шаҳрвандони Қазоқистон, Ҳиндустон, Қирғизистон, Покистон, Эрон, Афғонистон, Хитой, Озарбойҷон, Россия ва ғайра низ дар муқоиса бештар таҳсил менамоянд.
Дар инфографикаи зерин шумораи донишҷӯёни хориҷиро дар муассисаҳои олии таълимии ҷумҳурӣ пешниҳоди шумо мегардонем:
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ