Дар урдугоҳи Ал-Холи Сурия 235 кӯдак нобуд шудаанд

Вазорати мудофаи Русия хабар додааст, ки ба далели камбуди маводи ғизоӣ ва дору 235 кӯдак дар урдугоҳи Ал-Хол дар минтақаи шимолу шарқи Сурия фавт кардаанд.

Вазорати мудофаи Русия зимни як баёния хабар додааст, ки ба далели камбуди маводи ғизоӣ ва дору 235 кӯдак дар урдугоҳи Ал-Хол дар минтақаи шимолу шарқи Сурия фавт кардаанд.

Ба гуфтаи генерал-майор Виктор Купчишин, “ҳамарӯза дар ин урдугоҳ  ба иллати камбуди дору, маводи ғизоӣ ва шароити бади зист аз 10 то 20 нафар бо шумули кӯдакон ҷон медиҳанд. Аз ҷумла, дар ҳафтаи ахир 7 кӯдак нобуд шудаст”.

Вазъият дар урдугоҳи “Рубан”, воқеъ дар наздики марзи Сурия бо Урдун, ки беш аз 40 ҳазор нафар беҷошудагон зиндагӣ мекунанд, нигаронкунанда арзёбӣ мешавад.

Қаблан Русия борҳо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват карда буд, ки барои ҷилавгирӣ аз фоҷиаи инсонӣ дар урудгоҳҳои Сурия ба ин кишвар кумакҳои башардӯстона ирсол кунанд.

Моҳи марти соли 2011 дар Сурия нооромиҳо шурӯъ шуда ва даҳҳо ҳазор нафар суриягиҳо куштаю захмӣ шуданд ва шаҳру деҳоти ин кишвар ба харобазор мубаддал гардид.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.