Донишгоҳҳои Тоҷикистону Чин: Ҳамкорӣ дар самти забономўзӣ

Ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ. Х. бо намояндагони Донишгоҳи нақлиёти Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин (роҳбари ҳайат — Ван Ю) вохӯрӣ намудааст.

Бино ба иттилои ДМТ, меҳмонон ҳадаф аз мулоқоти худро ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои гуногуни илму таълим, пажуҳиши муштарак дар бахшҳои замонавии илм, хусусан омўзиши забону фарҳанг ва технологияи муосир унвон намудаанд.

— Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба мустаҳкам намудани ҳамкориҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо Донишгоҳи нақлиёти Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин, рушди ҳамкориҳо дар заминаи Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсий, таҳияи барнома ва баргузории ҳамоишҳо табодули афкор намуданд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *