Китобхонаи миллӣ ба тарбиятгирандагони Интернати Кангурт кумак кард

Аз ҷониби Китобхонаи миллӣ ба тарбиятгирандагони мактаб-интернати давлатии Кангурти ноҳияи Темурмалик бахшида ба 32-юмин солгарди ҷашни Истиқлоли давлатӣ кумакҳои башарӣ ирсол шуд.

Бино ба иттилои КМТ, ин кумакҳо иборат аз як адад тафдони газӣ-барқӣ (газо-электроплитка), дастгоҳи хушккунии зарфҳо, таҷҳизот барои шустушӯи зарфҳо дар ошхона тавассути муовини аввали директори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабзода, раиси кумитаи Иттифоқи касабаи Китобхонаи миллӣ Якубҷон Бобохонов ва сардори бахши таҳрир ва интишорот Шаҳобиддин Назаров ҳадя шудаанд.

— Ёдовар мешавем, ки дар мактаб-интернати давлатии Кангурти ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон ҳудудан 150 нафар кӯдакону наврасон ба тарбия фаро гирифта шудаанд. Бори чорум аст, ки Китобхонаи миллӣ ба ин мактаб-интернат кумак мерасонад. Аз ҷумла, соли гузашта низ дар арафаи таҷлили Рӯзи дониш ва Истиқлоли давлатӣ ба мактаб-интернати давлатии Кангурт маводҳои канселярӣ, китобу дафтар ва қаламу коғаз тақдим гардида буд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *