Бозии “Истиқлол” — “Ал-Дуҳайл”: Доварон маълум шуданд

Конфедератсияи футболи Осиё ҳайати доваронеро, ки дар бозии даври аввали мусобиқаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023/24 байни дастаҳои «Истиқлол» ва «Ал-Дуҳайл» таъин шудаанд, эълон кард.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, довари асосии ин бозӣ довари ФИФА Муҳаммад Ал-Алӣ аз Қувайт хоҳад буд. Ба ӯ ба ҳайси доварони канорӣ ҳамватанонаш Абдулҳадӣ Ал-Анезӣ ва Аҳмад Аббос кумак мекунанд. Вазифаи довари эҳтиётӣ ба дӯши Ван Ди аз Чин вогузор шудааст. Видео доварони VAR — Абдулло Ҷамолӣ ва Алӣ Иброҳим ҳарду аз Қувайт ва Ҷаҳонгир Саидов аз Ӯзбекистон мебошанд.

Назир Ҳусайн Муҳаммад Ҳанифа аз Сингапур нозири доварон ва Равишанкар Ҷайараман аз Ҳиндустон комиссари бозӣ таъин шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки вохӯрии даври ифтитоҳии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023/24 миёни дастаҳои “Истиқлол”-и Тоҷикистон ва “Ал-Дуҳайл”-и Қатар рӯзи сешанбеи 19-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе соати 21:00 баргузор мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *