Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҳамчун нахустин мактаби олии касбии кишвар дар тайёр намудани кадрҳои илмию омӯзгорӣ нақши муассир дошта, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушду такомули донишгоҳ шароити басо мусоид фароҳам овард ва онро ба самти тозаву пурсамар ворид сохт.

Дар иртибот бо ин, дар давоми 30 соли охир дар донишгоҳ дар ҳамбастагӣ бо арзишҳои миллӣ ва талаботи давлати соҳибистиқлол факултаву кафедраҳои нави созгори талаботи замон, шуъбаву марказҳо, толору озмоишгоҳҳои гуногун таъсис дода шуданд. Барномаву нақшаҳои таълимӣ таҷдиди назар гардида, дар заминаи онҳо китобҳои дарсӣ, дастурҳои арзишманди мутобиқ ба руҳияи замон ва равандҳои пештози илми муосир нигошта шуданд. Сатҳи дараҷаи илмӣ ва маҳорату малакаи устодон низ хеле боло рафт. Донишгоҳ бо воситаҳои техникӣ, аз ҷумла, компютерҳои пайваст ба шабакаи Интернет ва дигар ашёи зарурии техникӣ муҷаҳҳаз гардид. Ҳамаи ин тадбирҳои муҳим ва судманд батадриҷ барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, тарбияи мутахассисони рақобатпазир ба бозори меҳнат мусоидат намуданд.

Мо ифтихормандем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори тамоми муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ба донишгоҳи мо низ таваҷҷуҳи ҳамешагӣ доранд ва баҳри таҳкими фаъолияти он пайваста ғамхорӣ зоҳир менамоянд.

Мебояд ёдовар шавем, ки соли гузашта саҳифаи авроқи таърихи донишгоҳ пурҷилотару рангинтар падидор буд. Ин фоли неку пойдор, чун ҳамагон медонанд, ба он бастагӣ дошт, ки мардуми шарифи кишвар дар остонаи истиқбол аз ҷашни таърихии миллӣ, яъне 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доштанду онро бо як ҳашаммату шукуҳ истиқбол гирифтанд. Дар ин фазои истиқлолу озодӣ ин боргоҳи илму дониш, ки аз рӯзи таъсисаш 90 сол сипарӣ гашт, баҳри рушди кадрҳои илмиву омӯзгории кишвар рисолати таърихияшро иҷро намуда, дар партави ҷашни истиқлолият 90-солагияшро истиқбол гирифт.

Ин боргоҳи илму дониш дорои 15 факултет ва 9 бинои таълимӣ буда, шумораи умумии донишҷӯён дар маҷмуъ 19292 нафарро ташкил медиҳад. Дар шуъбаи магистратура 108 нафар ва дар зинаи таҳсилоти доктор (PhD) 64 нафар ба таҳсил ва пажуҳиши корҳои илмӣ машғул мебошанд.

Ихтисосҳо: Айни замон дар донишгоҳ 78 ихтисос дар зинаҳои бакалавру мутахассис ва 27 ихтисос дар шакли таҳсили фосилавӣ, инчунин, 21 ихтисос дар зинаи таҳсили магистратура амал мекунанд.

Таъсиси факултет ва кафедраҳои нав: Дар соли сипаригашта факултети “Таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоӣ” ба ду факултет — “Таҳсилоти томактабӣ” ва “Педагогика” ҷудо карда шуд. Инчунин, дар назди факултети география таъсиси кафедраи “Хариташиносӣ, иқлимшиносӣ ва яхшиносӣ”, дар назди факултети таҳсилоти томактабӣ кафедраи “Педагогика ва психологияи томактабӣ ва кори иҷтимоӣ” ва кафедраҳои умумидонишгоҳии “Таърих ва ҳуқуқ” ва “Физиологияи синнусолӣ ва мудофиаи шаҳрвандӣ” ва Институти илмию тадқиқотии илмҳои табиӣ-риёзӣ ва такмили методикаи таълими он дар ҳошияи татбиқи барномаи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (барои солҳои 2020 — 2040) аз дастоварди дигари назарраси донишгоҳ дар ин сол маҳсуб меёбад.

Кафедраҳои донишгоҳ: Дар 70 кафедраи донишгоҳ (57 кафедраи тахассусӣ ва 13 кафедраи умумидонишгоҳӣ) 896 нафар омӯзгор, аз ҷумла 380 нафар унвондор — 87 нафар докторони илм ва 293 нафар номзадҳои илм, 209 нафар муаллими калон ва 442 нафар ассистент барои пешбурди фаъолияти таълимию методӣ ҷалб шудаанд.

Таъсиси ихтисосҳои нав: Бо пешниҳоди Раёсати донишгоҳ соли сипаригашта ихтисосҳои “Сурдо­педагогика. Забон ва адабиёти тоҷик”, “Олигофренопедагогика. Таҳсилоти ибтидоӣ” ва “Технология. Информатика” таъсис дода шуданд, ки қабули довталабон ба ин ихтисосҳо аз моҳи марти соли 2022 тариқи Маркази миллии тестӣ ба роҳ монда мешавад. Инчунин, раёсати донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки мувофиқи талаботи бозори меҳнат якчанд ихтисосҳои нав, аз ҷумла «Забон ва адабиёти ӯзбек. Забон ва адабиёти тоҷик», «Забон ва адабиёти тоҷик. Рӯзноманигорӣ», «Забон ва адабиёти рус. Таҳсилоти ибтидоӣ», «Физика. Информатика», «Физика. Электроникаи тиббӣ», «Таърих. Сиёсатшиносӣ», «Таҳсилоти томактабӣ. Таҳсилоти ибтидоӣ»-ро барои таъсис ба унвони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

Дар донишгоҳ ҳамчун базаи моддию техникӣ 1170 компютер, 116 тахтаи электронӣ, 116 проектор, 20 ноутбук, 16 синфхонаи компютерӣ, 6 синфхонаи лингофонӣ, 2 китобхонаи электронӣ ва 26 озмоишгоҳи илмию тадқиқотӣ ба донишҷӯёну кормандон хизмат мерасонанд.

Дар донишгоҳ 5 шӯрои диссертатсионӣ, аз ҷумла 3 шӯрои диссертатсионии КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 2 шӯрои диссертатсионии КОА-и Федератсияи Россия аз рӯйи 11 ихтисос фаъолият менамоянд. Инчунин, маврид ба зикр аст, ки дар соли 2021-ум 28 нафар докторант, аспирант ва унвонҷӯён рисолаҳои номзадӣ ва 3 нафар рисолаҳои доктории хешро дифоъ намуданд. Аз 31 рисолае, ки дифоъ гардид, 13-тои он аз рӯйи ихтисосҳои фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ва 18-тои он аз рӯйи ихтисосҳои фанҳои педагогӣ, ҷомеашиносӣ ва гуманитарӣ мебошанд.

Дастовардҳои донишҷӯён: Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон — Ватани азизи ман», «Илм — фурӯғи маърифат», “Ҷоми Академия” бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», “Дониш талабу бузургӣ омӯз…” фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намунавӣ гардиданд, ки дар натиҷа дар байни 42 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ сазовори ҷойи дуюм гардид.

Омӯзгорони ботаҷриба ва дорои хидмати шоиста: Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 нафар омӯзгорони кафедраҳо бо мукофотҳои давлативу идоравӣ сарфароз гардонида шуданд. Аз ҷумла, 4 нафар бо мукофоти давлатии “Медали хизмати шоиста”, 1 нафар бо ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 нафар бо ҷоизаи “Корманди шоиста”, 1 нафар бо Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, 14 нафар бо “Аълочии маориф”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 нафар бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.

Нашрияҳои донишгоҳ баҳри эҷодкорону муҳаққиқони ҷавон: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ маҷаллаи илмӣ-пажуҳишии «Паёми Донишгоҳи омӯзгорӣ», маҷаллаҳои “Муҳаққиқ»-у “Навруста” ва рӯзномаи «Омӯзгори ҷавон» мунтазам мунташир намуда, бо навқаламону донишҷӯёни дорои маҳорати журналистӣ ҳамкорӣ дошта, барои рушди минбаъдаи онҳо шароит фароҳам меорад.

Фонди умумии китобхона 299607 адад китобро ташкил медиҳад. Дар соли 2021 теъдоди умумии хонандагони китобхона аз ҳисоби донишҷӯён ва омӯзгорони донишгоҳ ба 103212 нафар расид. Тариқи ҳадя 874 адад китоб ва тариқи борхат 1909 адад китоб ворид шуд. Толори хониши китобхона дорои 100 ҷойи нишаст буда, ҳамарӯза то 90-100 донишҷӯ ба ин толор ворид гашта, ба мутолиаи китоб машғул мешаванд.

Толори хониши электронии китобхона дорои 14 компютер буда, бо шабакаи интернет пайвастанд. Дар толори мазкур зиёда аз 6040 адад китобҳои илмӣ-бадеӣ мавриди мутолиа қарор доранд.

Донишҷӯёне, ки дар хориҷа идомаи таҳсил мехоҳанд: Донишгоҳ бо Маркази Конфутсий, сафоратхонаҳои Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Фаронса, Украина, Белорус, Ҷумҳурии Федеролии Олмон, Федератсияи Россия, ИМА, Маркази фарҳангии “Россотрудничество” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо беш аз 90 муассисаи таҳсилоти олӣ ва касбии хориҷи кишвар ҳамкориҳои судманд дар самти мубодилаи донишҷӯёну омӯзгорон дорад. Илова бар ин, дар соли 2021 бо 14 донишгоҳи олии хориҷи кишвар ҳамкориҳо дар самти илм, инноватсия ва таълим, табодули донишҷӯён ва омӯзгорон ба роҳ монда шудааст, ки ҳамасола донишҷӯён дар ин муассисаҳои хориҷӣ давра ба давра ба таҳсил фиристода мешаванд.

Рамзи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 102 мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *