Душанбегиҳо дар Чемпионати Тоҷикистон бештари медалҳоро соҳиб шуданд

Рўзҳои 12 ва 13-уми март дар пойтахти кишвар Чемпионати ҷудои Тоҷикистон миёни бузургсолон баргузор шуд, ки бештари медалҳоро намояндагони шаҳри Душанбе ба даст оварданд.

Дар чемпионати мазкур ҳудуди 180 варзишгар аз ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ ширкат карда, дар 7 вазн миёни мардҳо қувваозмоӣ карданд.

Дар вазни -60 кг Муҳаммадсолеҳ Қувватов (Душанбе-2), Меҳрзод Суфиев (Душанбе), Идибеки Амиршо (Душанбе-1), Муҳаммадризо Қувватов (Душанбе-2), дар вазни -66 кг Нуралӣ Эмомалӣ (Душанбе), Фирўз Мелибойзода (Душанбе), Абубакр Шеров (Душанбе-2), Баҳром Сўфиев (Хатлон-2), дар вазни -73 кг Муҳаммад Наҷмиддинов (Душанбе-2), Наврўз Каримзод (Душанбе), Субҳиддин Халилзода (Душанбе-2), Муҳаммадисо Раҷабов (Душанбе-2), дар вазни -81 кг Муҳаммадҷон Абдуҷалилов (Душанбе-2), Шодмон Ризоев (Душанбе), Эраҷ Абдуллоев (ВМКБ), Ҳайдар Саидкабирзода (Душанбе), дар вазни -90 кг Ҳақназар Назаров (ШНТМ), Кароматулло Ҳакимов (Душанбе), Хусрав Аламов (ШНТМ), Суннатулло Лоиқов (Душанбе-1), дар вазни -100 кг Раҳмон Мансур (Душанбе), Исроил Раҳимов (Душанбе), Абубакри Акобир (Душанбе), Эмомризо Анварзода (Душанбе-2), дар вазни +100 кг Темур Раҳимов (ШНТМ), Одил Сафаров (Душанбе), Иброҳим Элмуродов (Душанбе), Суҳробҷон Маҳмадалиев (ШНТМ) соҳиби медалҳои мусобиқа шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *