Донишгоҳи омӯзгорӣ: Барқарор кардану интиқол додани донишҷӯён ройгон аст!

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ эълон дошт, ки бо мақсади иҷрои талаботи «Низомномаи хориҷ, барқарор ва интиқоли донишҷӯён» раёсати донишгоҳ фаъолияти комиссияи донишгоҳиро дар доираи қонун оғоз мекунад.

— Маврид ба таъкид аст, ки фаъолияти комиссияи барқарор ва интиқоли донишҷӯён барои нимсолаи аввали соли таҳсили 2022-2023 ройгон буда, тибқи қонун амалӣ мешавад,- зикр мекунад манбаъ.

Раёсати донишгоҳ ҳамзамон ба донишҷӯён муроҷиат кардааст, ки дар сурати ба амалҳои коррупсионӣ дучор шудан ё талаби маблағ барои анҷоми коре, метавонанд фавран муроҷиат намоянду арзу шикоятҳои худро расонанд.

— Муроҷиатҳо дар доираи қонун баррасӣ гардида, шахсияти муроҷиаткунанда махфӣ нигоҳ дошта шуда, ҳуқуқу манфиатҳои ӯ ҳимоя мешавад,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *