Донишгоҳи омӯзгориро ҳамагӣ 6% бо баҳои хубу аъло хатм карданд

Дар нишасти матбуотии  Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ректор Носирҷон Салимӣ барои рӯзноманигорон дар бораи фаъолияти нимсолаи аввали соли таҳсили   донишгоҳ муфассал гузориш дод.

Н. Салимӣ аввал дар бораи тагйироти сохтории донишгоҳ иттилоъ дод, ки дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ бинобар камтар будани донишҷӯён факултаи иқтисодиёт ва идоракунӣ дар соҳаи маориф ва факултаи технология ва соҳибкорӣ муттаҳид карда шуда, факултаи техтехнология ва иқтисодиёт таъсис ёфт. Ҳамин тавр, шумораи факултаҳои донишгоҳ ба 13 адад расид.

Имсол донишгоҳро  донишҷӯ хатм карданд, ки аз ин 572 нафар буҷавӣ ва 493 нафар   намуданд. 15 нафар ба гирифтани дипломи аъло мушарраф шуда, ҳамагӣ 6 % бо баҳои «хуб»-у «аъло» донишгоҳро хатм карданд. 21 хатмкунанда  баҳои «ғайриқаноатбахш» гирифта, 300 нафар хориҷ карда шуданд.

Фаъолияти китобхонаи электронии донишгоҳ беҳтар ба роҳ монда шуда, аз он ҳар рӯз ба ҳисоби миёна  1333 омӯзгору донишҷӯ истифода намуданд.

3 нафар хатмкунандаи зинаи таҳсилоти бакалавр ва 9 нафари дигар, ки соли 2015 барои идомаи таҳсил ба шуъбаи магистратураи Донишгоҳи давлатии Псков ва Донишгоҳи омӯзгории Бошқирдистон фиристода шуда буданд, макотиби олии мазкурро бомуваффақият хатм карда, барои фаъолияти педагогӣ ба донишгоҳ баргаштанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *