Донишомӯзони Коллеҷ ҳамдарси худро зада куштанд

Дар вилояти Намангони Узбекистон 1 июн донишомӯзони Коллеҷи агроиқтисодии ноҳияи Тӯрақурғон як ҳамдарси худро то дами марг латтукӯб карданд. Ба гуфтаи шоҳидон, А.Т.-ро ҳамдарсонаш бо вуҷуди он ки мегуфт, рӯзадор аст, ҷанг намекунад, зери мушту лагад қарор доданд.

Сабаби сар задани фоҷеа гуфта намешавад.

Донишомӯзи 19-солаи Коллеҷи агроиқтисодии Тӯрақурғон бо номи А.Т. дар натиҷаи бардоштани захмӣ зиёд нимаи дувуми 1 июн ҷон бохтааст.

“Ҷанҷол нахуст дар дохили бино оғоз шуда, баъдан се донишомӯз А.Т.-ро ба саҳни коллеҷ бароварда, латтукӯб кардаанд. Писарбача муқобилият нишон надодааст ва гуфта, ки рӯзадорам, ҷанг намекунам. Вале ҳамдарсонашон ӯро то дами марг заданд. Дар натиҷа А. Т. беҳуш шуда, дар ҷои ҳодиса ҷон додааст”, — гуфт яке аз омӯзгорони коллеҷ.

Як корманди пулиси вилояти Намангон гуфт, латтукӯбкунандагони донишомӯзро боздошт карданд. “А.Т. воқеан рӯзадор будааст. Қотилон боздошт шуда, тафтишот идома дорад”, — афзуд ӯ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *